Бо мақсади тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, аз партов тоза намудани маҳалҳои аҳолинишин бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар маҳаллаи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов аксияи «Тозагии маҳал ва роҳ» ташкил ва гузаронида шуд. Дар аксия 80 нафар ҳашарчиён, аз он ҷумла хонандагони синфҳои болоии муассисаи таълимии миёнаи умумии №3 ноҳия фаъолона иштирок доштанд. Рафти аксия ҳудуди маҳалла ва қадди роҳҳо аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, 3 метри мукааб партов бароварда шуд.
Вохӯрӣ бо донишҷӯён бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024
28 декабри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ соли 2024 - ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд. Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, ба 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон кишвари ҳуқуқбунёд буда таъмини ҳаматарафаи ҳуқуқи шаҳрвандон ҳадафи асосии давлат ва ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад. Дар партави ин иқдом, дар толори Сарраёсат вохӯрӣ бо донишҷуёни курси 4-и факултети муҳандисӣ-технологии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ аз фанни “Асосҳои ҳуқуқи истифодабарии табиат” доир гардид. Сармутахассис оид ба ҳуқуқи Сарраёсат доир ба қонунгузории соҳа ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти муҳити зист, Созишномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он шомил шудаанд, иҷрои Барномаҳои давлатии соҳавӣ баромад намуд. Дар доираи мавзуъ донишҷуён низ ба суолҳои худ оид ба муаммоҳои экологии ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо, беҳбудии муҳити атроф фикру ақидаҳои худро баён доштанд.
Корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Шаҳристон
Бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон, иҷрои нақшаи корӣ, бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳристон дар якҷоягӣ бо кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия дар минтақаи “Дараи сабз” корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Рафти чорабинӣ барои бо хӯрок таъмин намудани ҳайвоноти ваҳшӣ дар ин мавзеъ ба миқдори 200 кг картошка, 115 кг резаи гандум ва ҷав, 100 кг лаблабу, 100 кг себ, 150 сабус, 50 кг намак, 25 адад бастаи беда ва 25 адад бастаи коҳ истифода бурда шуд. Тибқи маълумоти мутахассисон дар ин мавзеъ намудҳои олами ҳайвоноти ваҳшӣ ба монанди гург, бузи кӯҳӣ, хуки ёбоӣ, харгӯш, кабк ва дигар намуди парандаҳо сукунат доранд.
Аксияи «Тозагии шоҳроҳ» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Дар асоси нақша чорабиниҳои тасдиқгардида оид ба ташкил ва гузаронидани аксияи "Тозагии шоҳроҳ" давоми 2 рӯз дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷамоати деҳоти Деҳмой деҳаи Заркор шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ аксияи "Тозагии шоҳроҳ" ташкил ва гузаронида шуд. Дар аксия беш аз 500 нафар аҳолии ҷамоатҳо, кормандони ташкилоту муассисаҳо, хонандагони 4 муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ноҳия, фаъолона иштиирок намуда, кариб 20 м3 партов бароварда шуд.