Тибқи нақшаи корӣ, дар самти баланд бардоштани маърифати экологӣ бахшида ба 15-уми апрель - Рӯзи умумиҷаҳонии донишҳои экологӣ дар Гимназияи-1 ба номи Камоли Хуҷандӣ ноҳияи Ҷ.Расулов бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия вохурӣ - машварат баргузор гардид. Дар он 37 нафар сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия иштирок намуданд. Рафти вохӯрӣ аз тарафи кормандони бахш ва дигар иштирокчиён доир ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани дониши экологии хонандагон ва ҷалби онҳо ба ҳифзи муҳити атроф,оид ба нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 26.12.2019 баён гардидаанд, вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, эълон намудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баромадҳо карда шуд.
Аксияҳои "Тозагии маҳал", "Тозагии соҳил" ва "Тозагии роҳ" дар миқёси вилояти Суғд
Баҳри иҷроиши нақша чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо мақсади густариши корҳои ободонию кабудизоркунӣ санаи 11.04.2020 дар тамоми шаҳру ноҳияхои вилояти Суғд аксияҳои "Тозагии маҳал", "Тозагии соҳил" ва "Тозагии роҳ" баргузор гардид. Дар аксияҳои мазкур беш аз 11567 нафар иштирок намуда, 19636 метр ҷўйбор, заҳбуру заҳкаш, 23673 метр қадди роҳҳо аз партовҳо тоза ва беш аз 121,6 м3 партовҳо ба партовгоҳҳои расмӣ ҷойгиронида шуданд. Ҳамчунин дар доираи чорабинии мазкур тоза намудани маҳалҳои аҳолинишин – 24867 м2, тоза намудани майдонҳо аз алафҳои бегона ва бартараф намудани нуқтаҳои ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳои бесоҳиб бо ёрии техникаҳои зарурӣ, тоза намудани сохилҳои манбаъҳои обӣ – 10830 метр, шинонидани дарахтони ороишию сояафкан – 2180 бех, ва сафед намудани роҳгаштҳо-2100 метр ба иҷро расонида шуд.
Саҳми ихтиёриён дар беҳбудии муҳити зист
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон ва гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар самти ҳифзи муҳити зист аз ҷониби бахши кор бо ҷавонони шаҳри Исфара вохӯрӣ бо ҷавонон – ихтиёриёни бахш доир гардид. Зимни вохӯрӣ мудири бахш ба ҷавонон –ихтиёриён доир ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, иштироки фаъолонаи онҳо дар аксияҳои экологӣ, саҳми чавонон дар ҳифз ва беҳбудии муҳити атроф қайд карда шуд.
Корҳои ободониву гулзоркунӣ дар ноҳияи Спитамен
Барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва рӯзи Ваҳдати миллӣ бо мақсади гулзоркуниву сабзу хуррамгардонии ҷамоату маҳаллаҳои н.Спитамен як қатор корҳо амалӣ гардида истодаанд. Чуноне, ки бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамен маълумот дод, дар кӯчаҳои марказии ноҳия гулҳои ороишии мавсимӣ зиёда аз 120000 шинонида шуда, баҳри ободу зебо гардонидани муҳити атроф корҳои ободонӣ идома дорад.