July 2020

24 July 2020

Ҳифзи олами ҳайвоноти нодир

 Тибқи иҷрои нақшаи корӣ, пурзӯр намудани назорати ҳифзи олами ҳайвоноте, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд, аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи  Деваштич  бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, амалиёти фаврӣ гузаронида шуд.Рафти амалиёт дар роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд – Чаноқ ҳангоми фурӯши ғайриқонунии мори печон сокини деҳаи Хӯҷа Тоҳир, ҷамоати деҳоти Яхтан Амонов Оламгир ошкор гардида, нисбаташ  протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

    Боиси қайд аст, ки мори печон  як навъ мори безаҳр буда, дар дашт маскун аст. Зоҳиран кӯрморро мемонад, бинобар ин мардуми таҳҷойи онро барои муолиҷаи касалиҳо истифода мебаранд, ки дар натиҷа миқдораш солҳои охир кам шуда, ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шудааст.

Читать далее

22 July 2020

Тоза намудани дарёи Сир

  Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,ки дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба вилояти Суғд баён доштанд, амалӣ  намудани тадбирҳо ҷиҳати ба тартиб даровардани соҳилҳои дарёи Сир бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд корҳои дарётозакунӣ аз қамиш ва растаниҳои номувофиқ аз пули «Ҷашнӣ» то пули марказии шаҳри Хуҷанд  оғоз ёфт. Бо истифодаи 2 адад  қаиқ ва 10 нафар кормандони корхонаи ободонӣ  соҳили дарё аз қамиш тоза карда шуда, корҳои мазкур дар ҳолати паст шудани сатҳи оби дарёи Сир пешбинӣ гардидааст. Тоза намудани дарё дар соҳили рост низ ба нақша гирифта шудааст.

Читать далее

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Деваштич

   Дар асоси нақшаи кории бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар ҳамкорӣ бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар  ноҳияи  Деваштич  амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 22 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 4 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и ноҳия ирсол гардид.

Читать далее

Истихроҷи ғайриқонунии канданиҳои фоиданок дар ноҳияи Айнӣ

    Тибқи  нақшаи  кории  бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ, ҳангоми гузаронидани амалиётҳои назоратӣ аз тарафи кормандон  дар минтақаи Фондарё деҳаи  Равот  худсарона  истихроҷ намудани ангишт сокинони деха Латипов Р. ва Раҳмонов Т. ошкор карда шуданд. Кирдори мазкур бар хилофи моддаи 2.8 ва 49-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» буда, нисбати қонуншиканон барои бе иҷозати махсус истихроҷ намудани  захираҳои табиӣ  протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода  шуд.

Читать далее

Ҳашари умуминоҳиявӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов

    Бо мақсади тозаву обод намудани маҳалли зист ба истиқболи ҷашнҳои миллӣ, беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологӣ бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист ҳашари ноҳиявӣ бо иштироки аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, кормандони муассиса ва ташкилотҳо гузаронида шуд. Дар натиҷаи ҳашар зиёда аз 5 км қади роҳҳои нақлиётгарди ҷамоати шаҳраки  Меҳробод,  4,5 км ҷӯйҳо ва лотокҳо, 1,2 км селроҳаҳои Исфанасой, Томчисой, кучаҳову хиёбонҳои ҷамоатҳои шаҳраку  деҳот аз алафхои бегона ва партовҳои ҳархела тоза карда шуда, зиёда аз 24 м3 партовҳо ба партовгоҳи марказии ноҳия бароварда шуд.

Читать далее

21 July 2020

Амалиётҳои назоратӣ дар манбаъҳои обӣ

      Дар асоси нақшаи корӣ, ҳангоми гузаронидани амалиётҳои назоратӣ дар минтақаи санитарии муҳофизати манбаъҳои обӣ, воқеъ дар ноҳияи  Б.Ғафуров ҷамоати деҳоти Ёва ва Унҷӣ шаҳрванд Алибоев Искандар бо нақлиёти худ тамгаи ЗИЛ рақами қайди давлатиаш 8251- КН- 02  ҳангоми  партофтани партовҳои сохтмонӣ ба соҳили дарёи Сир ошкор карда шуд. Дар натиҷаи ифлос намудани манбаҳои обӣ нисбати қонуншикан Алибоев И. протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 177-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба шуъбаи ҳифзи муҳити зисти н.Б.Ғафуров пешниҳод гардид.

Читать далее

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Б.Ғафуров

 Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар асоси нақшаи кории шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар  ноҳияи  Б.Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 27 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 5 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳияҳои вилоят  ирсол гардид.

Читать далее

Шанбегии умумишаҳрӣ дар шаҳри Исфара

  Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шанбегиҳои оммавӣ идома дорад. Бино ба иттилои бахши ҳифзи муҳити зисти  шаҳри Исфара бо  иштироки  кормандони муассисаву ташкилот, аҳолии ҷамоту деҳот қариб 2 ҳазор нафар дар миқёси шаҳр шанбегии умумишаҳрӣ доир гардид. Ҳудудҳои маҳаллаҳои аҳолинишин ба масоҳати 8060 м2 тоза карда шуда, ба миқдори қариб 4 ҳазор адад гулҳои  мавсимӣ шинонида шуд, 5,64 га замин аз алафхои бегона ва 2100м ҷӯйбор аз партовҳои хархела тоза карда шуд. Ҳамчунин  25 м3 партов ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд.

Читать далее

Шанбегии умумишаҳрӣ дар шаҳри Истаравшан

 Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тозаву обод намудани муҳити зист дар шаҳри Истаравшан шанбегии умумишаҳрӣ доир гардид. Дар он соҳибкорон, намояндагони корхонаву  ташкилотҳо, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳои марказӣ ва хусусӣ, аҳолии ҷамоатҳои деҳот ҳамагӣ 520 нафар иштирок доштанд.  Рафти шанбегӣ  канори ҷуйборҳои обгузари дохили шаҳр ба масоҳати 2,1 км ва кӯчаҳои протоколии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва Истиқлол, ҳудуди биноҳои маъмурии назди корхонаву ташкилотҳо тоза карда шуда, 6,6 тн. партовҳо ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд. Корҳо дар ин самт мунтазам идома дорад.

Читать далее

16 July 2020

Аксияи «Тозагии роҳ» дар ноҳияи Ашт

     Бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологӣ, тозаву обод намудани қадди роҳҳо аз партовҳо, иҷрои нақша чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  санаи 16 июли соли равон  дар  ҷамоатҳои  Шодоба ва Ошобаи  ноҳияи Ашт аксияи «Тозагии  роҳ» гузаронида шуд. Дар аксия зиёда аз 150 нафар кормандони идораи роҳ ва сокинони ҷамоатҳо иштирок намуда, 5 км қадди  роҳи асосии Ошоба - Хуҷанд аз партовҳои  гуногуни  пластикӣ ва алафҳои хушк тоза гардида, 3 тн.партов ба партовгоҳи ноҳия  бароварда шуд. Баргузории  чунин аксияхо  дар дигар минтақаҳои вилояти Суғд идома дорад.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.