03 November 2020

Ҷамъбасти озмуни вилоятии «Тирамоҳи заррин»

  Бо мақсади рушди тарбия ва маърифати экологии хонандагони муассисаҳои таълимӣ, барои фаъол гардонидани кори маҳфилҳои муассисаҳои таълимӣ, таҳсилоти иловагӣ, иттиҳодияҳои кӯдаконаи экологӣ дар сатҳи омӯзиши табиати диёр, дар доираи эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар «Қасри фарҳанг»-и ноҳияи Масчоҳ озмуни вилоятии «Тирамоҳи заррин» гузаронида шуд. Озмун аз рӯи се бахш – «Намоишгоҳ аз маводҳои табиӣ», «Саволу ҷавоб» ва «Ҳимояи рисолаву реферат» баргузор гардида, аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбастӣ ҷои якумро гурӯҳҳои даставии шаҳри Хуҷанд, ҷои дуюмро дастаи Исфара ва ҷои сеюмро дастаи ноҳияи Б.Ғафуров сазовор гардиданд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» дар шаҳри Хуҷанд

 Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби оммаи васеъ дар шаҳри Хуҷанд аксияи «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар аксия кормандони корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳо ва аҳолӣ, беморхонаҳои касалиҳои дил ва физиотерапевтии Ҷумҳуриявӣ, кӯдакистони Президентӣ, Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд, КВДК «СО ва ХМК» ва сокинони кумитаи маҳаллаи «Қорираҳмат Қурбон» ҳамагӣ 460 нафар иштирок намуданд. Рафти аксия обутобгоҳҳои соҳили чап ва рости шаҳри Хуҷанд, худуди маҳаллаҳо, қади роҳҳои мошингард, ҷуйборҳо, соҳилҳои дарё аз ҳама гуна партов, алафҳои бегона ва қамишҳо тоза карда шуда, партови ҳосилшуда аз тарафи КВДК «Хизматрасони нақлиёти санитарӣ» ба партовгоҳи умумишаҳрӣ бароварда шуд.

Читать далее

Амалиёти назоратӣ дар ноҳияи Айнӣ

 Ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ аз ҷониби нозирони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ дар километри 93 – 95 шоҳроҳи Душанбе – Айнӣ ҷойгир намудани ғайрирасмии партовҳо наздик ба соҳили Фондарё ошкор карда шуд. Дар натиҷаи корбарӣ муайян гардид, ки партовҳоро сокини ноҳия Азизов Ҷовидон ба ҷойи ғайрирасмӣ партофтааст, ки ба нуқтаи таъмири чархҳои нақлиёти ў наздик мебошад. Барои вайрон кардани талаботи қонун нисбати шаҳрванди мазкур бо моддаи 232-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуд ва ҷазои ҷаримабандӣ амалӣ мегардад. Ҳамзамон, мувофиқи пешниҳод кормандони ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ партовҳои шафати шоҳроҳро тоза кардаанд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.