February 2023

13 February 2023

Аксияҳои экологӣ миқёси вилояти Суғд

   Давоми ҳафта бо мусоид омадани обу ҳаво дар миқёси вилоят 10 маротиба аксияҳои экологӣ бо ташаббуси кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист гузаронида шуд. Дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Гулистон, Истиқлол, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Ашт ва Спитамен аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» баргузор гардида, бо иштироки 2,9 ҳазор нафар намояндагони муассисаю ташкилот, корхона ва шаҳрвандон корҳои ободонӣ, аз қабили аз партовҳои гуногун тоза намудани ҷўйбор – 3,5 км, қадди роҳҳо - 7,9 км ва соҳилҳои обӣ – 1,3 км, ҳамчунин баровардани партовҳо ба партовгоҳҳо дар ҳаҷми 18,7 метри мукааб ба сомон расонида шуд. Қайд карда мешавад, ки бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҷ.Расулов аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардида, дар рафти он бо истифода аз техникаи махсус як митақаи Томчисой бо пуррагӣ аз партовҳо тоза карда шудаст.

Читать далее

Корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ дар шаҳри Гулистон

  Бо мақсади татбиқи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба шарҳ додани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва ташвиқу тарғиби эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар шаҳри Гулистон аз ҷониби мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зист дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи тиббӣ» вохўрӣ ташкил ва баргузор гардид. Дар рафти вохўрӣ ба 45 нафар хонандагони литсейи мазкур доир ба нуктаҳои асосии Паём навбатӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ,тағйирёбии иқлим, муҳимияти эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», 21 март ҳамчун «Рўзи ҷаҳонии пиряхҳо», баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва саҳми донишҷуён дар ин маврид баромадҳо шунида шуд.

Читать далее

Амалҳои беҳтар намудани вазъи муомилот бо партовҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

  Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди зисти аҳолӣ ва беҳтар намудани ҳолати экологии шаҳру ноҳияҳои вилоят, пайваста баланд бардоштани маърифати экологӣ ва беҳтар намудани шароити кории кормандони соҳа бо дастгирии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 адад нақлиёти боркашони тамғаи «Портер» аз тарафи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд харидорӣ гардид. Аз ҷониби сардори сарраёсат Ҳакимзода А.Қ. бо иштироки намояндагон як ададӣ нақлиёти мазкур ба Корхонаҳои давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар ноҳияҳои Б.Ғафуров ва Зафаробод супорида шуд. Боз як адад нақлиёт ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Муассисаи давлатии минтақаҳои махсус муҳофизатшаванда равона гардид.

Читать далее

10 February 2023

Нишасти матбуотии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

   Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 9 феврали соли равон нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият  дар соли 2022 доир гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҷумҳурият»,  «Халқ овозӣ», «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқатӣ», «Ризқофарин»,  «Нилуфар», «Кайҳон», «Тирози ҷаҳон», оҷонсиҳои иттилоотии «Азия Плюс, »«Озодӣ», «Сугднюс», «Спутник», телевизионҳои  Суғд,  ШТР «Азия», СМ-1, «Диёр», «Сафина», «Синамо», «7 Ситора» , радиои «Замон» ва «Пайванд» дар маҷмӯъ, 32 нафар намояндагон иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар соли 2022 дастрас гардид. Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон оид ба корбарӣ дар самти ҳифзи олами ҳайвоноти нодир, таъсири сардиҳо ба захираҳои моҳии обанбори Баҳри тоҷик, таъсири радиофаъолнокӣ ба участкаҳои наздиҳавлигии соҳили рости шаҳри Хуҷанд, назорати корхонаи коркарди пӯст, ки партовобаш манбаи обиро ифлос менамояд, ҷой доштани ҳолати буриши ғайриқонунии дарахтон дар миқёси вилоят ва тадбирҳои андешидашуда, ҳифз ва барқарор намудани хатти муҳофизатии ҷангал ва  дигар масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Читать далее

Идомаи корҳои биотехникӣ дар шаҳри Панҷакент

  Аз ҷониби зерсохтори сарраёсат дар шаҳри Панҷакент амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ» ташкил ва гузаронида шуд. Дар натиҷаи баргузории амалиёти мазкур олами ҳайвоноту парандагони ваҳшии дар минтақаҳои баландкўҳи ҷамоати деҳоти Моғиён ва Фароб сукунат дошта, бо хўроки иловагӣ, аз он ҷумла 200  кг гандуми майда, 200 кг ҷав, 200 кг биринҷи майда, 200 кг сабўс ва 50 адад бастаи хошоки дурушт таъмин гардиданд. Мувофиқи маълумоти мутахассисону коршиносон талафоти ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ дар ҳолати сард омадани обу ҳавои фасли зимистони соли равон ба қайд гирифта нашудаст.

Читать далее

Вохўрӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ашт

   Кормандони бахши ҳифзи муҳитизистдарноҳияи Ашт тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани вохўриҳо ҷиҳати шарҳ додани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, дар муассисаҳои таълимии соҳаи маориф корбариро роҳандозӣ намуданд. Дар маҷмўъ, дар чор муассисаи таълимӣ - муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  № 2, № 17, № 36 ва № 65-и ноҳияи Ашт бо хонандагону омўзгорон вохўриҳо гузарониданд. Дар рафти вохўриҳои мазкур оид ба ташвиқу тарғиби нуқтаҳои асосии Паёми навбатӣ, эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 март ҳамчун «Рўзи чаҳонии пиряхҳо» ба иштирокдорон маълумот пешниҳод гардид.

Читать далее

Татбиқи назорати давлатии риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи соҳа

   Гузаронидани амалиёти фаврӣ доир ба назорати давлатии риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист яке аз самтҳои асосии фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, аз ҷониби нозирони шуъбаҳои сарраёсат якҷоя бо нозирони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо бо мақсади пешгирии қонунвайронкуниҳо чунин амалиётҳо гузаронида шуд. Ҳангоми баргузории амалиёти фаврӣ дар шаҳри Хуҷанд барои ҷойгиронии партовҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ ду нафар шаҳрвандон, Турдимуротов А., сокини маҳаллаи 34 ва Раҳматов И., сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров боздошт гардида, нисбати онҳо бо дастрасии моддаи 232-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳо тартиб дода шуд. Боз як нафар сокини маҳаллаи 18-и шаҳри Хуҷанд Ҳоҷиев Ф. ҳангоми сўзонидани хазону партовҳо боздош гардид, ки нисбати ў низ бо моддаи 231-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шудаст.Бо ҳамин намуд қонунвайронкунӣ – сўзонидани партовҳо дар ноҳияи Ҷ.Расулов, аз ҷониби сокини ҷамоати деҳоти Деҳмой Зуҳуров И. ошкор гардид ва протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Читать далее

04 February 2023

Ташвиқу тарғиби эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» дар муассисаҳои таълимӣ

    Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва амалигардонии «Барномаи  давлатии маҷмӯии  рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», дар Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят бо иштироки хонандагон ва омўзгорони роҳбарони маҳфилҳои гулпарварию экология мизи мудаввари иттилоотӣ таҳти унвони «Пиряхҳо - манбаи асосии оби кишвар ва Осиёи Марказӣ» бахшида ба эълон гардидани соли 2025 – «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ташкил ва баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ баъд аз сухани ифтитоҳии директори Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят сармутахассиси сарраёсат, докторанти ихтисоси географияи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров», директори Ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва мудири шуъбаи табиатшиносони ҷавон, экология ва ҳифзи муҳити зисти Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ба иштирокдорон баромаду презентатсияҳо доир ба «Аҳамияти пиряхҳо барои табиат ва ҳаёту фаъолияти инсон», «Пиряхҳо ва мавқеи онҳо дар табиат», «Ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат» ва «Ҷабҳаҳои геоэкологии ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон» бо намоиши ролики иттилоотӣ пешниҳод карда, ҳамзамон бо мақсади мустаҳкам гардидани дониши экологии хонандагон дар мавзўи вобаста ба пиряхҳо ва захираҳои об саволу ҷавоб ба амал омад.

Читать далее

03 February 2023

Аксияи «Тозагии шоҳроҳ» дар шаҳри Истаравшан

  Бо мақсади тозаву обод намудани маҳалли зист ва таъмини беҳдошти солимии ҷомеа, баҳри иҷрои фармоишҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд «Дар бораи баргузор намудани аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ,  ҷамоати деҳоти Зарҳалол ва Пошкент аксияи «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуд. Дар он кормандони масъули идораи кишоварзӣ, маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии шаҳр, волонтерони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ва аҳолӣ ҳамагӣ 300 нафар  иштирок доштанд. Рафти чорабинӣ партовҳои бесоҳиб дар ҳаҷми 7 метри мукааб ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуда, тариқи телевизиони маҳалии шаҳри Истаравшан ва  ТВ Ҷаҳоннамо ба навор гирифта шуд. Тибқи нақшаи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан баргузории аксияҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин ва ҷойҳои ҷамъиятӣ  дар назар аст.

Читать далее

Мизи мудаввар дар МДТ “Литсейи касбии хизматии шаҳри Хуҷанд”

   Бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳои Кумита вобаста ба “Стратегияи рушди иқтисоди сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037” (барои давраи солҳои 2023-2025), гузаронидани вохӯриҳои тарғиботӣ доир ба эълон гаштани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо” ва иҷрои нақшаи корӣ дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии хизматии шаҳри Хуҷанд” мизи мудаввар доир гардид. Дар он кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд, омӯзгорон ва донишҷуёни литсей иштирок доштанд. Рафти чорабинӣ аз тарафи кормандони шуъба зикр гардид, ки бо мақсади рушди “иқтисоди сабз”, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҷалби сармояю технологияҳои каммасраф “Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар ҶумҳурииТоҷикистон барои солҳои 2023-2037” қабулгардида, дар 15 соли минбаъда мавриди татбиқ қарормегирад. Ҳамчунин доир ба эълон гаштани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо”, тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он ва саҳми донишҷуён дар баланд бардоштани маърифати экологӣ баромад намуданд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.