February 2023

27 February 2023

Ярмака – фурўши ниҳол ва кўчату тухмии гулу зироатҳо дар шаҳри Хуҷанд

  Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят ташкил ва баргузор намудани ярмарка – фурўши ниҳол ва гулу буттаҳо ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола аз ҷониби сохторҳои масъул ин чорабинӣ дар сатҳи баланд гузаронида мешавад. Тибқи амри Раиси вилояти Суғд аз 21.02.2023, №31амр «Дар бораи гузаронидани ярмарка – фурўши ниҳол, кўчату тухмии гулу зироатҳо», санаҳои 24 - 26 феврали соли ҷорӣ ярмаркаи мазкур дар саҳни Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Аз ҷониби шахсони масъули Сарраёсати ҳифзи мҳити зист дар вилоят дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани намоиш ва ярмаркаи мазкур корбарӣ амалӣ гардида, дар он аз тарафи сохторҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ ва аҳолӣ, ҳамагӣ 1 миллиону 20 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун, аз он ҷумла 360 ҳазор бех мевадиҳанда, 100 ҳазор ороишию сояафкан, 560 ҳазор бех гулу гулбуттаҳо ба боғпарварону сокинони вилоят пешниҳод карда шуд. Дар чорабинӣ сарраёсат ва зерсохторҳои он аз шаҳру ноҳияҳо фаъолона иштирок намуда, ба аҳолӣ ниҳолҳои дарахтони ороишию ҳамешасабз ва сояафкан пешниҳод намуданд.

Читать далее

Корҳои фаҳмондадиҳӣ байни сокинони маҳаллаи Бофандаи шаҳри Хуҷанд

   Дар асоси муроҷиати сокини шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи Бофанда 3  Мусоев А. тариқи сомонаи интернетии робита бо ҷомеа (Вотсап) сармутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки сармуҳандиси КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”-и ш.Хуҷанд, сариқтисодчии КД “Истифодабарии манзил”-соҳили чап, сардори қитъаи КД  “Истифодабарии манзил ”-и соҳили чап ва беш аз 12 нафар бо сокинони маҳалла корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Дар нуктаҳое, ки дар муроҷиат қайд шудааст, 2 адад ишора ва овезаҳои огоҳкунанда насб шуда бошад ҳам, баровардани партовҳои маишӣ аз биноҳои баландошёна ва ҷойгиронии он дар қадди роҳ ба чунин ҳолатмубаддалгаштааст. Аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ҳузури муроҷиаткунанда ва сокинон, соҳибкорони маҳал моҳияти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист фаҳмонида дода шуда, ба масъулини КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”-и шаҳри Хуҷанд ва КД “Истифодабарии манзил” ҷиҳати босифат расонидани хизмат-расониҳои коммуналӣ, сари вақт баровардани партовҳо дастуру супоришҳо дода шуд.  Тозаву обод нигоҳ доштани муҳити атроф қарзи ҳар як шаҳрванди ватандуст буда, аз маданияти баланди экологӣ шаҳодат медиҳад.

Читать далее

22 February 2023

Насби лавҳаи иттилоотӣ дар шаҳри Хуҷанд

   Бахшида ба эълон гаштани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо», ташвиқу тарғиби 5-умин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар кӯчаи Гагарин аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд лавҳаи иттилоотӣ насб карда шуд. Мақсад аз насб намудани чунин лавҳаҳои экологӣ баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ доир ба муҳити зист маҳсуб меёбад.

Читать далее

17 February 2023

Насби овезаҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

    Бо супориш ва дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарраёсат тасмим гирифтааст, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо оид ба қатънома дар бораи эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» то ду овеза – дар назди бинои мақомоти соҳавӣ ва дар ҳудуди шаҳр ё ноҳия насб намояд. Дар маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов чунин овеза насб гардида, аз тарафи як қатор зерсохторҳои сарраёсат дар дигар шаҳру ноҳияҳо корбарӣ идома дорад. Масъалаи мазкур ҷиҳати иттилоотонидани аҳолӣ оид ба қабул шудани ташаббуси панҷуми Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид мусоидат карда, дар баробари ин бобати иҷрои талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» саҳми назаррас расонида мешавад.

Читать далее

16 February 2023

Вохӯрии кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар муассисаи таълимии ноҳияи Шаҳристон

  Тибқи барқияи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар муассисаи таълимии миёнаи умумии №8 ноҳияи Шаҳристон аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зист вохўрӣбо омӯзгорону хонандагони синфҳои болоӣ – 10 ва 11 баргузор гардид.       Дар рафти чорабинӣ ба иштирокдорон оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуда, ҳамзамон бо мақсади ташвиқу тарғиби эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» ба иштирокдорон баромад дар мавзўъи «Пиряхҳо ва мавқеи онҳо дар табиат» пешниҳод карда шуд. Дар навбати худ аз тарафи омўзгорон низ дар бораибаъзе нуктаҳои Паёми навбатӣ ва қабул шудани ташаббуси панҷуми Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид таъкид гардид. Дар интиҳо ҳангоми саволу ҷавоб ба хонандагон иловатан маълумот доир ба масъалаҳои мутобиқшавӣ ва паст намудани таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо пешкаш карда шуд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Конибодом

   Баҳри иҷрои барқияи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, бо мақсади тозаву обод намудани муҳити атроф дар ҳудуди шаҳри Конибодом ва ҷамоатҳои деҳот аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. ксия бо ҷалби васеи кормандони ташкилоту муассисаҳо ва иштироки фаъолонаи сокинони ҷамоату маҳаллаҳо ҳамагӣ 280 нафар гузаронида шуда, дар натиҷа партов ба миқдори 8 м3 ба партовгоҳ бароварда шуд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Исфара

   Дар асоси барқияи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд № 12/6.20 аз 16.02.2023 сол , иҷрои нақшаи корӣ, ба роҳ мондани корҳои ободониву созандагӣ дар даромадгоҳ ва маркази шаҳри Исфара аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар он кормандони соҳаи тандурустӣ ва маориф, ташкилоту идораҳо, сокинони ҷамоатҳои деҳот ҳамагӣ 3200 нафар иштирок доштанд. Бино ба иттилои бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара рафти аксия ҷӯйборҳо - 3,3 км, ҳудуд - 2,4 км, замин аз алафҳои бегона - 1560 м2 тоза карда шуда, ба партовгоҳ ба миқдори 15 м3 партов бароварда шуд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Истиқлол

  Баҳри иҷрои нақшаи корӣ, бо мақсади тозаву обод нигоҳ доштани муҳити атроф, баланд бардоштани маърифати экологӣ дар гимназияи № 2-и шаҳри Истиқлол аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия омӯзгорон ва хонандагони муассиса 150 нафар фаъолона иштирок намуда, гирду атрофи муассиса аз партовҳои гуногун тоза карда шуд. Гузаронидани чунин аксияҳои экологӣ дар дигар муассисаҳои таълимӣ низ пешбинӣ гардидааст.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал» ва маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Зафаробод

   Дар асоси барқияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятии Суғд аз 10.02.2023, № 54-9/16 тф, бо мақсади тозаву обод намудани маҳалли зист, таъмини беҳдошти солимии ҷомеа дар ҷамоати деҳоти Ҷомии деҳаи Зарафшон н.Зафаробод аксияи «Тозагии маҳал ва роҳ» доир гардид. Дар он командони бахши ҳифзи муҳити зист, намояндагони корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимӣ 580 нафар иштирок доштанд. Давоми аксия 1200 м ҷӯйборҳо, 650 м каналҳо ва 500 м роҳҳо аз партовҳо тоза карда шуд. Ҳамчунин бо иштироки собиқадорон ва сокинон дар ҳудуди шаҳраки Зарафшони ҷамоати деҳоти Ҷомӣ зиёда аз 150 бех ниҳолҳои ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд. Корҳои ободониву созандагӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабз, сояафкан ва ороишӣ дар дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия пешбинӣ гардидааст. 

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал ва соҳил» дар ноҳияи Айнӣ

Бо мақсади амалигардонии нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати ҳифзи мухити зист дар вилоят, тозаву обод намудани муҳити зист дар ҷамоати деҳоти Фондарё ва Анзоб бо иштироки сокинони ҷамоатҳои Фондарё ва шаҳраки Зарафшон, соҳибкорони маҳаллӣ ва кормандони комбинати Анзоб аксияи «Тозагии маҳал ва соҳил» гузаронида шуд. Аксия бо иштироки 85 нафар гузаронида шуда, минтақаҳои аҳолинишин ва ҷуйбору манбаҳои обӣ аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, 1,5 м3 партов бароварда шуд. 

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.