Аксияи экологӣ бахшида ба «Рӯзи дарёи Сир»

  Бахшида ба «Рӯзи дарёи Сир» дар «Боғи фарҳангӣ - фароғатии Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд, дар ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, Раёсати минтақавии захираҳои оби ҳавзаи Сирдарё, Ташкилоти ҷамъятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», Ассотсиатсияи «Хелветас Свисс Интеркооперейшн» филиал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Дафтари Барномаи Рушди СММ дар вилоят аксияи экологӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бисёр дўстдорони табиатро ҷалб намуд, ки беш аз 60 нафар донишҷӯёни эко – фаъолон, аъзоёни «Эко – клуб»-и Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон, волонтёрон, зиёда аз 20 нафар шаҳрвандон ва намояндагони васоити ахбори омма ҳам дар корҳои тоза намудани боғ аз партовҳои пластикӣ ва ҳам дар озмун – викторинаи ташкилгардида иштирок карда, ғолибон соҳиби тӯҳфаҳо шуданд. Ҳамчунин, рафти чорабинӣ дар баробари иҷро намудани корҳои ободонӣ, насби ду адад қуттии махсус барои зарфҳои пластикӣ амалӣ гардид. «Рўзи дарёи Сир» бо мақсади нишон додани муҳимияти захираҳои об қайд гардида, ҷиҳати ҷалб, иттилоотонидан ва баланд бардоштани дониши экологии ҷавонон дар самти истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, мустаҳкам намудани амнияти экологӣ ва беҳсозии сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо мусоидат менамояд.

   Бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» ва дар амал татбиқ намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», минбаъд ташкили чунин чорабиниҳо идома меёбад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.