Озмуни «Тирамоҳи заррин» дар ноҳияи Зафаробод

  Бахшида ба "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 ноҳияи Зафаробод озмуни «Тирамоҳи заррин» гузаронида шуд. Дар озмун 15 адад муассисаҳои таълимии шаҳр бо гӯшаҳои ба намоиш гузоштаи худ ширкат варзиданд. Мактаббачаҳо гӯшаҳои худро бо нозу неъматҳои фасли тирамоҳи заррин, аз қабили сабзавоту меваҷот, ғалладонаҳо, меваҳои хушк, мусаввараҳо, аксҳои ранга, маводи дастисохт, расмҳои бо ғалладонаҳо тасвиркардаву бо ресмонҳо кашидашуда оро дода буданд. Озмун аз рӯи 5 шарт: ташкили намоишгоҳ, истифодаи маводи табиӣ, намунаҳо аз гербарияҳо, суратҳои ранга, маводи видеоӣ оид ба корҳои иҷрошудаи гуруҳи нозирони сабз, саволу ҷавоб (викторина) аз фанҳои табиатшиносӣ ва ҳимояи рисолаву рефератҳои хонандагон дар мавзӯи муҳити зист ва экология гузаронида шуд. Аз рӯи ин шартҳо зиёда 180 нафар хонандагони синфҳои аз 6 то 11 иштирок намуданд. Ҳайати ҳакамон, намояндагони бахши ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маориф, ба донишу фаҳмиши хонандагон доир ба муҳити зист баҳои баланд доданд. Ғолибони озмун  хонандагони МТМУ № 1, № 6 ва № 16 эълон гардида, аз тарафи намояндагони бахши ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маорифи шаҳр бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.