Риояи Қонун ба манфиати ҷомеа

Бо мақсади фаҳмонидани  моҳият ва таъмини иҷрои талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар  бораи масъулияти падар модар оид ба  тарбияи  фарзанд», Стратегияи муқовимат бо коррупсия ва муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  вохӯрии  судяи суди иқтисодии вилоят Давлатзода Т. бо кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист баргузор гардид. Вохӯриро муовини сардори Сарраёсат Абдумаликзода Б.А. оғоз намуда, оид ба рафти иҷрои талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулияти падар модар оид ба тарбияи фарзанд», Стратегияи муқовимат бо коррупсия  ва муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар Сарраёсат ва зерсохторҳо қайд намуд. Таъкид карда шуд, ки барои дар амал татбиқ намудани Қонунҳои мазкур нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, як қатор корҳои амалӣ ба сомон расонида шуданд. Дар давраи баргузории чорабиниҳои гуногун - аз ҷумла, Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Қонуни мазкур гузаронида мешаванд.

Ҳамзамон дар маҷлисҳои машваратии мақомоти ҳифзи муҳити зист масъалаҳои гуногуни мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешгирии коррупсия аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ якчанд маротиба мавриди муҳокима қарор дода шуда, масъулин оиди даст назадан ба омилҳои номатлуби коррупсионӣ вазифадор карда шуданд. Дар навбати худ судяи суди иқтисодии вилояти Суғд Давлатзода Т. дар баромади худ доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ, мақсаду муҳтаво ва зарурияти қабул гардидани   қонунҳои амалкунандаи «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Стратегияи муқовимат бо коррупсия  ва муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз тарафи Парлумони Ҷумҳурӣ, рияои ҳатмии ин қонунҳо, ҳангоми гузаронидани санҷишу амалиётҳои назоратӣ  гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар ин мавзуъҳо ва эҳтирому эътироф намудани  ин қонунҳо  баромад намуд. Инчунин таъкид гардид, ки риояи қонун ба манфиати аҳли ҷомеа буда, ҳамаи ин дастовардҳо маҳз ба шарофати дар тӯли 31 соли Истиқлолияти давлатӣ барқарор намудани сулҳу суботи комил, ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ  муяссар гардид. 

Скачано с веб-сайта JooMix.org.