Машварати корӣ бо гурӯҳи кории ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба масъалаҳои экологӣ

  Баҳри баланд бардоштани донишу маърифати экологии сокинони ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар толори бинои маъмурии ҷамоат машварати корӣ бо гурўҳи кории ҷамоати деҳоти мазкур оид ба масъалаҳои экологӣ баргузор гардид. Қайд кардан ба маврид мебошад, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовњои уран дар Осиёи Марказӣ, Марҳилаи II» вохӯрӣ дар ин ҷамоати деҳот дуюм маротиба амалӣ гардида, дар рафти кори он намояндагони муовини раиси ҷамоат, раисони Кумитаҳои маҳаллӣ, Маркази саломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, сокинони фаъол ва васоити ахбори омма иштирок намуданд. Таъсиси гурӯҳи корӣ ҷиҳати таъмини ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозии корҳои барқарорсозӣ дар ҷамоати мазкур бахшида шуда, тибқи барнома аз ҷониби намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ва сармуҳаррири рўзномаи вилоятии «Согдийская правда» иштирокдорон бо маълумоти амалигардии лоиҳаи «Татбиқи роҳҳои дастраси кишоварзӣ дар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ бо назардошти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим», нақши ВАО ва ташкилоти ҷамъиятӣ дар ҳалли масъалаҳои экологӣ, маълумот оид ба таҳияи лоиҳаҳо барои ҳал намудани масъалаҳои экологӣ шинос гардиданд.

  Ҳамчунин, дар қисми дуюми чорабинӣ иштирокчиён ба ду гурўҳ тақсим гардида, кор дар гурӯҳҳои хурд идома ёфта, аз ҷониби онҳо презентатсияҳо шунида шуд. Ба ҳар як аъзои гурўҳи кории ҷамоат намунаи дастур оид ба чи тавр бояд лоиҳа таҳия карда шавад ва талаботи асосӣ барои таҳияи лоиҳа дастрас гардид. Боиси қайд аст, ки чорабиниҳои мазкур ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» саҳми назаррас доранд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.