«Маданият ва масъулияти тозанигоҳдории мухити зист»

   Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ҷиҳати татбиқи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» баргузор намудани чорабиниҳои экологиро идома дода истодааст. Дар студияи ширкати телевизион ва радиои «СМ-1» бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ барномаи яксоата - ток шоуи «Печутоби замон» дар мавзўи «Маданият ва масъулияти тозанигохдории муҳити зист» бо иқдоми ташкилоти ҷамъиятӣ ба навор гирифта шуд. Дар оғози барнома наворҳои ҳолати баъзе аз минтақаҳои шаҳру ноҳияҳо, аз он ҷумла ҷӯйборҳо ҷиҳати партофтани партовҳо ба ҷойҳои ғайрирасмӣ пешкаши иштироккунандагон гардида, то ба охир расидани барнома оид ба камбудиҳои ба назар мерасида ва роҳҳои баланд бардоштани маърифати экологии бахусус ҷавонон сӯҳбату саволу ҷавоб  идома ёфт. Барои пурмазмун ва таъсирбахш гузаштани барномаи телевизионии мазкур ба студия ғайр аз намояндагони сарраёсату ташкилоти ҷамъиятӣ, собиқадори соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳамчун коршинос, устодони донишгоҳ, омўзгорони Марказҳои таҳсилоти иловагии соҳаи маориф, донишҷӯён, рӯзноманигорон, ташкилоти сайёҳӣ, волонтёрон ва дигар ташкилоти ҷамъиятӣ даъват гардида, давоми барнома ҳамаи иштирокчиён нисбати мавзӯи асосӣ фикри худро баён намуданд.  Боиси қайд аст, ки аз ҷониби аз ҷониби намояндаи сарраёсат ба ҳамаи дар студия нишастагон рўзномаи соҳавии «Инсон ва табиат» дастрас гардида, ҷиҳати минбаъд шинос намудани тамошобинон бо намудҳои нодири олами набототу ҳайвоноти Тоҷикистон ба китобхонаи ШТР «СМ-1» Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.