Ҷамъбасти озмуни «Ҳифзи пирьяхҳои Тоҷикистон – омили сабзу хуррамгардонии шаҳру деҳоти кишвар» байни мактаббачагон

  Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд чорабинии супоридани диплом ва мукофотҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони озмуни даври ҷумҳуриявӣ ва диплому тўҳфаҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зист ба ғолибони озмуни даври вилоятӣ доир гардид. Дар он сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ғуфронзода Азиз, сардори Маркази ахбори экологӣ, тарғибот ва барномасозии компютерӣ Тиллоӣ Гулрухсор, директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят   Соҳибназаров Зикриддин,  омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд. Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ғуфронзода Азиз  бо суханони ифтитоҳӣ барои иштироки фаъолонаи хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар озмуни ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати минбаъд ташаккул додани мавқеи фаъоли мактаббачагон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва ҷалби онҳо ба ҳалли муаммоҳои экологӣ изҳори ақида намуд. Сипас  барои гирифтани ҷойҳои намоён аз рӯи 6 номинатсия - «Расми беҳтарин»,«Шеъри беҳтарин», «Сурати беҳтарин», «Ҳикояи беҳтарин», «Видеоролики беҳтарин» ва «Кори меъмории беҳтарин» 9 нафар хонандагон бо диплом ва туҳфаҳои пулии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва 23 нафар хонандагон  бо диплом ва тӯҳфаҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят қадрдонӣ карда шуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.