Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Хуҷанд

  Дар асоси нақшаи корӣ бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, кормандони шуъбаи  мониторинги экологӣ, ахборот ва иттилооти Сарраёсат  ва шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шахри Хуҷанд дар шоҳроҳи Хуҷанд – Б.Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» -ро гузарониданд. Рафти амалиёт 32 адад нақлиётҳои тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ муайян гардид. Нисбати ронандагони 5 адад воситаҳои нақлиёте, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.