Насби қуттиҳои пластикӣ дар ноҳияи Айнӣ

  Бо мақсади таъмин ва тозаву обод нигоҳ доштани  муҳити зист,  баланд бардоштани маърифати экологӣ байни аҳолӣ  дар  даромадгоҳи ноҳияи Айнӣ, кӯчаҳои  марказӣ , аз он ҷумла  назди беморхонаи марказӣ , қасри фарҳанг, назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия,  гардишгоҳи шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ 8 адад қуттиҳои махсус барои зарфҳои  пластикӣ  насб карда шуд. Ин иқдом тибқи дастуру супориши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Айнӣ роҳандозӣ гардида,  дар муҳлатҳои наздик дар дигар  кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят насби чунин қуттиҳо дар назар аст. Ҳамчунин дар роҳи марказӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии экологии аҳолӣ, ташвиқу тарғиби 5-умин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2025 ҳамчун«Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо» лавҳаи иттилоотӣ насб карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.