Ҷаласаи сайёри мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид

  Санаи 10 ноябри соли 2023, дар толори МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» ҷаласаи сайёри мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумита Шерализода Б.А. ва муовини якум Қиёмзода З.С., муовини Раиси вилоят, сарпарасти соҳа Зариф Мирдадо, инчунин сардорон, муовинон ва сармутахассони раёсатҳои дастгоҳи марказии Кумита, намояндагони сарраёсатҳо дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе, раёсати минтақаи Кӯлоб, шуъба ва бахшҳо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Агентии обуҳавошиносӣ, муассисаи давлатӣ ва марказҳои Кумита, кормандони сарраёсат ва зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа се масъала мавриди баррасӣқарор дода шуд: 1) доир ба ҳолати иншоотҳои партовобтозакунии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд; 2) оид ба баррасии натиҷаҳои санҷиши фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд; 3) фаъолияти мақомоти соҳавии ҷумҳурӣ дар моҳи октябри соли ҷорӣ.

 Ҳамзамон, барои баррасии масъалаи аввали рӯзнома директори намояндагии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар вилояти Суғд, директори Корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои минтақаи 1 дар вилоят ва КДФ «Обтаъминкунӣ ва канализатсия»-и шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Гулистон, Истиқлол, Истаравшан, Панҷакент, Бӯстон, Айнӣ, Ашт, Б.Ғафуров, Зафаробод, Мастчоҳ ва Ҷ.Расулов ба ҷаласаи мазкур даъват шудаанд. Ҳамчунин, аз рўи масъалаҳои баррасишаванда муовини якуми Раиси Кумита Қиёмзода З.С., сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Шукуров И.Ш., директори намояндагии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар вилояти Суғд Нозимӣ Б. бо маърӯза баромад намуда, аз ҷониби Раиси Кумита Шерализода Б.А. аз роҳбарони Раёсатҳои дастгоҳи марказӣ ва сохторҳо дар вилояту шаҳру ноҳияҳо пурсиш ба амал оварда шуд. Дар рафти ҷаласа ва интиҳо барои пешрафти фаъолият ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта як қатор супоришҳо дода шуд, ки минбаъд дар қарори ҷаласаи сайёри мушовараи Кумита дарҷ карда мешаванд. Дар доираи сафари корӣ дар ҳудуди Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо иштироки Раиси Кумита ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзи нодир шинонида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.