Баргузории аксияи экологӣ бахшида ба «Рўзи дарёи Сир»

 Бахшида ба «Рўзи дарёи Сир» дар «Боғи фарҳангӣ - фароғатии Наврўзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд, дар ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муњити зист дар вилояти Суғд, Раёсати минтақавии захираҳои оби ҳавзаи Сирдарё, Ташкилоти ҷамъятии «Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» бо дастгирии Ассотсиатсияи «Хелветас Свисс Интеркооперейшн» аксияи экологӣ  баргузор гардид. Соли дуюм аст, ки бо мақсади нишон додани муҳимияти захираҳои об «Рўзи дарёи Сир» дар моҳи октябр қайд гардида, пас аз ба итмом расидани мавсими истироҳатии тобистона минтақаҳои соҳили боғи мазкур аз партовҳои пластикӣ ва дигар партовҳо тоза карда мешаванд. Барои гузаронидани аксия ҷавонон ва доираи васеи дўстдорони табиат ҷалб гардида, ғайр аз корҳои тоза намудани соҳили дарёи Сир байни донишҷўён озмун – викторина гузаронида мешавад ва ғолибон соҳиби тўҳфаҳо мегарданд. Дар рафти аксияи экологӣ, ҳамагӣ беш аз 70 нафар донишҷўёни маҳфили «Эколог»-и факултети геоэкологияиМДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров», аъзоёни «Эко – клуб»-и Донишкадаи кўҳӣ – металлургии Тоҷикистон ва донишҷӯёни эко – фаъолони ихтисоси «экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ»-и Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ҳамчунин зиёда аз 30 нафар намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зист, ташкилоти ҷамъиятию байналхалқӣ  ва васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

  Дар натиҷаи корҳои ободонӣ 100 халта партовҳо ҷамъ гардида, ба партовгоҳи шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуд ва ду адад қуттии махсус барои зарфҳои пластикӣ насб гардид. Озмун – викторина бо дастгирӣ ва аз ҷониби кормандони «Бонки Арванд» ба амал омада, дар баробари ин аз тарафи намояндагони ташкилоти «IT RUN» ба як нафарӣ донишҷў аз ҳар як донишкадаи олӣ сертификати ройгон омўхтани курси «IT» супорида шуд. Боиси қайд аст, ки баргузории аксияҳои экологӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» мусоидат карда, минбаъд ташкил ва гузаронидани чунин чорабиниҳо идома меёбад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.