Амалиётҳои назоратӣ дар минтақаҳои истироҳатии Охтангии н.Шаҳристон

Ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ дар ҳудуди заминҳои хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон минтақаи истироҳатии Роҳи Оҳан, ки ба муассисаи хочагии ҷангали ноҳия тааллуқ дорад, ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо ошкор  карда шуд. Шахсони масъул бе мувофиқа бо мақомотҳои ҳифзи муҳити зист  ва маркази  назорати давлатии эпидемиологӣ худсарона партовҳои аз истироҳаткунандагон ҳосилшударо ба чуқуриҳои кофташуда ҷойгир карда, бобати  пешгирии оқибатҳои таъсири зараровар ба муҳити зист  чораҷуӣ  накарданд.  

 Нисбати шахсони масъул  санад ва протоколи ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои оғози парвандаи ҳукуквайронкунии маъмурӣ ба бахши ҳифзи муҳити зисти н.Шаҳристон пешниҳод карда шуд.  

    Амалиётҳои назоратӣ  бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  дар дигар минтақаҳои истироҳатии вилоят  низ  ба нақша гирифта шудааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.