Ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ - ин гузаронидани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, ҳамкории доимӣ бо ташкилотҳои ғайридавлатӣ маҳсуб меёбад. Лозим ба ёдоварист, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар беҳбудии муҳити зист ва баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа нақши муҳим мегузорад. Соли гузашта бо дастгирии  шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд аксияҳои тозагии муҳити зист ва вохӯриҳо бо насли наврас ташкил ва гузаронида шуд.

Дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд барои саҳми арзанда, ҳамкории тарафайн ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои Оинномавии ҷамъият бо сипоснома  сарфароз гардонида шуд.

     Имсол низ мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои ҳамҷояро ба нақша гирифтааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.