Ифтитоҳи бинои шуъбаи милитсияи экологӣ

Санаи 4 январи соли 2020 бо иштироки кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳоии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳи бинои нав барои шуъбаи мазкур баргузор гардид. Боиси қайд аст, ки дар давоми семоҳаи чоруми соли 2019 бо дастгирии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои бекорхобида дар ҳудуди Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, дар маҷмуъ 6 утоқи кории бо лавозимотҳои зарурӣ таҷҳизонида омода карда шуд. Ҳамчунин, ҳангоми ба амал омадани ҳолати муайяни хизматӣ ҷиҳати корбарии шабонарўзӣ барои ҳайати шахсии шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳӣ ҷойи алоҳидаи таҷҳизонидашуда ташкил гардидааст.

    Дар чорабинии кушодашавии бино сардори РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал-майор Назарзода Қ. ва сардори ШВКД дар шаҳри Хучанд иштирок намуда, баъд аз дидан кардани утоқҳои корӣ ва ҳудуди бино оид ба ҳамкории минбаъдаи якҷояи мақомоти ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи милитсияи экологӣ сухан карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.