Паём – дастури раҳнамо

Бо мақсади омӯзиши матни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори маҷлисгоҳи Раёсати  ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд санаи 10 январи соли равон вохӯрии кормандони мақомот бо  намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд Азимов А. доир гардид. Зимни вохӯрӣ  намояндаи КИ ХҲДТ дар ш.Хуҷанд  оид ба самтҳои асосии Паёми имсола, дастовардҳои соли сипаришуда, нишондиҳандаи асосӣ - буҷаи давлатӣ дар муқоиса бо солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар, кам гардидани сатҳи камбизоатӣ, лоиҳа ва грантҳои амалкунанда, тағйирёбии иқлим ва пиряхҳо, ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас эълон намудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” сухан кард.

     Ҳамчунин зикр гардид, ки Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳар як шаҳрванди кишвар, ки нисбати тақдири миллат бетараф нест, масъулияти бузургеро мегузорад ва моро лозим аст, ки барои расидан ба ҳадафҳои асосӣ, ки дар Паём баён гардидаанд, аз он  ҷумла рушди ҳамаи соҳаҳо, таъмини фазои солими ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум ҳамаи имкониятҳоро истифода барем. Инчунин ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолиятро  хубтару беҳтар ба роҳ монда, барои рушд ва сарсабзиву ободии кишварамон саҳмгузор бошем.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.