Аксияи «Тозагии маҳал» дар н.Б.Ғафуров

    Ба истиқболи ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шанбегиҳои оммавӣ идома дорад.Дар асоси нақшаи кории  шуьбаи ҳифзи муҳити зисти н.Б.Ғафуров дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ёва, Ғозиён, Зарзамин, Д.Холматов, Х.Усмонов ва минтақаи  Сартуқай бо иштироки васеи аҳолии ҷамоатҳо,  намояндагони соҳаи маориф ва тандурустӣ аксияи «Тозагии маҳал»  гузаронида шуд.  Рафти аксия  ба масоҳати  47 км ҳудуд ва ба масофаи 6,6 км ҷӯйборҳо тоза карда шуда, 51,43 тн партовҳо  бароварда шуд. Баргузории аксия тариқи телевизионҳои маҳаллӣ ва вилоятӣ намоиш дода шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.