Корҳои ободонӣ дар шаҳри Панҷакент

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Иди байналмилалии  Наврӯз ва 5500-солагии Саразми бостонӣ корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Панҷакент босуръат идома дорад. Дар ин раванд дар шаҳри Панҷакент аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» бо иштироки васеи аҳолӣ, хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент, донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгорӣ ва коллеҷи тиббӣ гузаронида шуд. Рафти аксияҳои мазкур 5,2 км ҷуйборҳо, 2 км сою селравҳо ва  1,5 км соҳилҳо  тоза карда шуда,  37 тн партов ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.