Корҳои фаҳмонидадиҳӣ баҳри баланд бардоштани маърифати экологии моҳидорони ҳаваскор ва шикорчиён

Тибқи нақшаи пешбинигардида нозирони давлатии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо мақсади назорати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» дар ҳудуди минтақаи Шўркўли ноҳияи Ашт ва минтақаи Сирдарёи шаҳри Гулистон, ки дар минтақаҳои атрофи ҳавзаи дарёи Сир ва обанбори «Баҳри Тоҷик» эҳтимоли ба амал омадани шикори ғайриқонунии ҳайвонот ва сайди моҳӣ, инчунин буриши ғайриқонунии дарахтон ҷой дорад амалиёти фаврӣ гузарониданд.

 Ҳангоми амалиётҳои назоратӣ дар ҳудуди минтақаи сарбанди шаҳри Гулистон - поёни сарбанди НОБ-и «Дўстии халқҳо» ҳодисаи вайрон намудани талаботи «Қоидаҳои моҳидории ҳаваскорӣ ва варзишӣ дар обанборҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ошкор гардида, 6 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Баҳри баланд бардоштани маърифати экологии моҳидорони ҳаваскор ва пешгирӣ намудани ҳодисаҳои қонунвайронкунӣ оид ба риояи талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дигар қоидаҳо аз ҷониби мутахассисони шуъбаи раёсат бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/en/news/766-amaliyoti-ashtguliston012021.html#sigProGalleriab5d95e0493
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.