Шанбегии умумишаҳрӣ дар Истаравшан

Бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва бо мақсади гузаронидани корҳои ободонӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан шанбегии умумишаҳрӣ баргузор гардид. Дар рафти маърака 510 нафар кормандони ҷомеаи меҳнатии корхонаву ташкилот, муассисаҳои таълимӣ, аз он ҷумла Коллеҷи тиббӣ, Литсейи касбии техникии №14, Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, беморхонаҳои марказию хусусӣ, Кумитаи маҳаллаҳо, ҷамоати шаҳраку деҳот ва соҳибкорон иштирок карда, 1,3 километр ҷўйбори обгузари ду тарафи хиёбони Исмоили Сомонӣ ва Истиқлоли шаҳр, майдони марказӣ, ҳудуд ва атрофи биноҳои маъмурии корхонаҳои шафати роҳи асосӣ тоза ва рўбучин гардидаанд.

 Дар охири маърака 7,6 тонна партовҳо бо воситаи нақлиёти махсуси партовкашони КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://ecosugd.tj/en/news/767-shanbegi-istaravshan012021.html#sigProGalleria78658aa93e
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.