Мизи мудаввар дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани сифати зиндагӣ, тавассути огоҳисозӣ ва пешгирии роҳҳои ифлосшавии ҳаво»

 Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баҳри беҳтар намудани вазъи муҳити зист, рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ якҷоя бо дигар сохтору ташкилот як қатор чорабиниҳоиэкологиро баргузор менамояд.Аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» бо дастгирии Сафорати Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Чумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Беҳтар намудани сифати зиндагӣ, тавассути огоҳисозӣ ва пешгирии роҳҳои ифлосшавии ҳаво» татбиқ гардида истодааст. Дар доираи лоиҳаи мазкур мизи мудаввар дар мавзӯи «Бидон, ки чиро нафас мекашӣ» гузаронида шуд. Дар доираи лоиҳаи мазкур гузаронидани тадқиқот оид ба шарҳи масъалаҳои экологӣ, аз он ҷумла ифлосшавии ҳаво, ташкили чорабиниҳои онлайнӣ ва иттилоотӣ, омӯзонидани ҷавононва насб намудани 4 адад таҷҳизоти ҳавоченкунӣ дар шаҳри Хуҷанд амалӣ мегардад. Барои муҳокимаи масъалаҳои болозикр ва ҳамкории минбаъда бобати татбиқи ҳадафҳои лоиҳамувофиқи даъват намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, олимон ва устодони Донишгоҳ, коршиносон ва намояндагони ВАО ҳузур доштанд.

    Мизи мудавварро намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баргузор намуда, дар рафти он мавзӯҳои «Ҳадаф ва мақсади баргузории чорабинӣ, амалишавии лоиҳа», «Презентасияи тадқиқотоидба шарҳи масъалаҳои ҳифзи ҳавои атмосферӣ дар ҶумҳурииТоҷикистон, вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд», «Маълумот оид ба омилҳои таъсиркунанда ба ифлосшавии атмосфераи ҳаво дар шаҳри Хуҷанд», «Таъсири ифлосшавии ҳаво ба шароити муҳити зист аз ҷиҳати иқтисодӣ», «Нақши ВАО дар инъикос ва ҳалли масъалаҳои экологӣ», «Ҳамкорӣ ва муҳимияти тоза нигоҳ доштани муҳити зист» ва ҳамзамон муҳокимаи маърӯзаҳо, саволу ҷавоб ва таклифҳо бобати беҳтар намудани ҳамкорӣ ба амал омад.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/en/news/771-mizimudavvar012021.html#sigProGalleria1122f2405c
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.