Баргузории ҳашари умумӣ дар ноҳияи Зафаробод

    Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Зафаробод, бахшида ба 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тозаву обод намудани муҳити зист, санаи 7 декабр амалиёти «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту идораҳо, мактабу омӯзишгоҳҳо фаъолона иштирок намуда,  гирду атрофи ташкилот, идора, мактаб ва ҳудудҳое, ки ба онҳо вобаста карда шуда буданд тоза намуданд. Дар аксияи мазкур 1410 нафар иштирок намуда, ба миқдори 13,6 тн. партовҳо бароварда шуд,  2140 м ҷуйбор ва 10080 метр каналҳо тоза карда шуданд. Ҷойҳои партовҷамъкунии муввақатӣ аз партовҳо тозава таъмир гузаронида шуд.

Корҳои тарғиботӣ дар муассисаҳои таълимии н.Ашт

 Кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти н.Ашт дар асоси нақшаи корӣ, гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар Литсейи  № 2-и ҷамоати шаҳраки Шайдон бо хонандагони синфҳои болоӣ оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.03.2011, №97 «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» машғулияти  омӯзишӣ доир намуд. Мутахассиси бахш ба хонандагон дар бораи тартиби истифодабарӣ, ҷамъоварӣ ва супоридани он ба нуқтаҳои қабул, ҳолати таъсиррасонии лампаҳои каммасрафи симобдори корношоям ба муҳити зист ва саломатии инсон дар ҳолати шикастан, хамчунин дар бораи қоидаҳои нигоҳдорӣ ва интиқоли лампаҳо, ҳамчунин ба партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ ҳамроҳ накардани  чунин лампаҳои корношоям маълумот  дод.

Бахшида ба 5 декабр – Рӯзи умумиҷаҳонии волонтерон. Саҳми волонтерон дар беҳбудии муҳити зист

Санаи  5  декабр  бахшида  ба  Рузи  байналмилалии  волонтерон бо ташаббуси  Ҷамъияти ҲилолиАҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд  дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 23 ш.Хуҷанд вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ  намояндагони ҷамъият, волонтерон, сардори шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд, сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, омӯзгорон ва хонандагон иштирок доштанд. Шукурова Дилрабо  ҳамоҳангсози  лоиҳаи “Ташаббусҳо барои рушди ҷавонон”, ки аз тарафи  Салиби Сурхи Итолиё дастгирӣ  карда мешавад, бо призентатсия оиди таърихи ташкилёбии ин ҷамъият ва самтҳои фаъолияти волонтерон, махсусан саҳми онҳо дар ташкил ва гузаронидани аксияҳои экологӣ, аз партов тоза намудани соҳили дарё ва гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ доир ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист баромад намуд. Рафти вохӯрӣ волонтерон ба хонандагон варақаҳои  иттилоотӣ тақсим намуданд.

Семинари бозомӯзӣ

    Тибқи нақшаи кории Раёсат ва нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандон санаи 6 декабри  соли равон дар толори Раёсат семинари бозомӯзӣ бо иштироки сардорони шӯъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо доир гардид. Дар рафти семинарсардорони шуъбаҳо ва мутахассисони соҳа оид ба  самтҳои фаъолият, тарзи дуруст таҳия ва пешниҳод намудани ҳисоботи солона, натиҷаи санҷиши Палатаи ҳисоб ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, пардохт намудани маблағ-ҳои қарздорӣ ва дигар масъалаҳои ба пешрафти фаъолият мусоидаткунанда баромад намуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.