Бахшида ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (иҷрои бандҳои нақша чорабиниҳо бахшида ба соли сайёҳӣ )

Қалъаи Муғ яке аз ҷойҳои тамошобоби ш.Истаравшан буда, таҷдиду барқарорсозии Калъаи Муғ дар солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имкон фароҳам меоварад, ки сайёҳону меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба тамошои ин намунаи барҷастаи меъморӣ ва ёдгории таърихӣ бештар ҷалб гарданд. Ин аст, ки соли гузашта  16360 сайёҳӣ дохилӣ аз ин макон дидан намуд. Ќалъа дар баландии 1040 метр аз сатҳи баҳр бунёд гардида, масофаи деворҳои он беш аз 600 метр ва  майдони умумиаш 6 гектар аст. Ба гуфтаи бостоншиносон Қалъаи Муғ маконест, ки дар он  Деваштич ба хотири озодии Ватан  ҷангида, он ҷо паноҳ бурдааст. Ҳанӯз тобистони соли 1933 таҳти раҳнамоии шарқшиноси  маъруф А.Фрейман дар ин қалъаи қадима ҳафриёти бостоншиносӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа он зиёда аз аз сад бозёфти нодири таърихи мансуб ба асрҳои сеюму дуюми то милод пайдо гардид.

Амалиётҳои фаврӣ дар н.Б.Ғафуров

    Ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ аз тарафи мутахас-сисони шуъбаи назорати давлатии ҳифзи захираҳои оби Раёсат дар ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ғозиён партофтани обҳои ифлоси тоза ва безараргардониданашуда ба манбаи обии сойи Хоҷабоқирғон аз тарафи ҶДММ «Азизӣ» ошкор гардид. Намунаи партовоб гирифта шуда, корхонаи мазкур тибқи моддаҳои 44,43-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва моддаҳои  98, 99, 100, 124-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо моддаи 177 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  ҷаримабандӣ карда шуд.

“Парчамат партавафшон бод Тоҷикистонам”

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Раёсат бо иштироки намояндаи Кумиҷроияи ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Азимов А.Ҷ. ва кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят соати сиёсӣ доир гардид. Пас аз суханони ифтитоҳӣ корманди раёсат қайд намуд, ки дар тақвими иду ҷашнвораҳои миллии кишвари азизамон бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як  санаи  таърихӣ- Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 24 ноябр аст бо хатти заррин сабт гашт ва ҳар сол ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил карда мешавад. Дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ Парчами давлатӣ низ барои мардуми мо муқаддас ҳисобида мешавад. Ҳар яки мо ифтихор аз он дорем, ки зери парчами пурифтихори Тоҷикистони азиз кору зиндагӣ дорем ва ба он ватандӯстона эҳтиром зоҳир менамоем.

Вохӯрӣ бо донишҷӯён таҳти унвони “Парчамат поянда бод”

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи корӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрӣ бо намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “ДДХ ба номи Б.Ғафуров” дотсент Собиров М.С. бо донишҷӯён ва устодон ҳамагӣ 100 нафар доир гардид. Устодони Донишкадаи мазкур зимни суханронӣ қайд карданд, ки Парчами миллӣ нахустнишони муқаддаси ҳар як кишвару халқ аст, он симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Нақши Парчам дар таърихи ҳар як давлат ба таври хоса арҷгузорӣ карда шуда, маҳз зери Парчами худ кишварҳо ба ҷаҳониён фарҳангу таърих, бурдбориҳову пешравиҳои худро муаррифӣ менамоянд. Таърих гувоҳи он аст, ки миллатҳои гуногун давлатдории худро зери Парчам ҳифз ва поягузорӣ намуда, орзуву мароми худро дар ин рамзи давлатӣ нақшгузорӣ намудаанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.