Январь 2019

05 Январь 2019

Вазифаҳои асосии шуъба

- ташкил ва гузаронидани экспертизаи экологии объектҳо (тибқи руйхати замимагардида – иншооти категорияи 4, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2013, №253 тасдиқ карда шудааст), назорати танзими ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи муҳити зист ва лоиҳаҳое, ки ҳангоми амалишавии онҳо хавфи таъсиррасонӣ ба муҳити зист мавҷуд буда, аз тарафи шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли фаъолият, тобеъият, моликият, шаҳрвандӣ ва мансубият, пешниҳод мешаванд;

- фаъолияти назоратиро дар соҳаи экспертизаи экологӣ дар ҳудуди вилоят амалӣ менамояд;

- таъмини иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши экспертизаи экологӣ дар вилоят;

- ба ҳолати воридот ва содироти маводҳои кимиёвӣ, автошинаҳои қисман истифодашуда ва ғайраҳоро зери назорат гирифта, меъёри онҳоро муайян менамояд;

- бо тартиби муқарраршуда дар таҳлил ва пешниҳод намудани лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи муҳити зист иштирок менамояд;

- иштирок дар таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба муайян кардани ҳадди ҷоизи меъёрҳои садо, ларзиш, майдони магнитӣ ва истифодаи моддаҳои кимиёвӣ;

- бевосита ва якҷоя бо дигар мақомоти дахлдор таъмин намудани талаботи қонунҳои амаликунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифода ва ҳифзи муҳити зист ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои дастурию методӣ ва техникию идоравӣ;

- назорат оиди таҳияи ҳуҷҷатҳои танзимкунанда дар бораи ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандон дар фаъолияти вобаста ба ҳифзи муҳити зист, тартиби ҳалли баҳсҳои ҳифзи табиат ва ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкунӣ дар самти ҳифзи муҳити зист;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои Раёсат ва соҳаи такмили ҳисоботи омории давлатӣ ва идоравӣ, қоида ва стандартҳо оид ба меъёрдарории истифодаи табиат, дар мувофиқа бо воҳидҳои сохтории Кумита, омода сохтани пешниҳодҳо барои такмили стандартҳои экологӣ;

- ташкили базаи маълумот оид ба вазъи муҳити зист, фаъолияти назорати давлатӣ ва стандартҳои меъёрҳои экологӣ;

- пешниҳоди таклифҳо оид ба такмили ҳисоботи омории давлатӣ ва идоравӣ дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои табиат;

- маводҳоро барои ба экспертизаи давлатии экологӣ фаро гирифтан объектҳои категорияи 1, 2, 3, омухта, барои баррасӣ ба Кумита пешниҳод менамояд.

 Шуъба барои ҳалли вазифаҳояш ҳуқуқҳои зеринро дорост:

-    иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ;

- барои беҳтар намудани фаъолияти соҳаи стандартикунонӣ, сертификаткунони маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ба Раёсат ва Кумита таклифҳо пешниҳод менамояд;

- дар муҳокимаҳои масъалаҳои фаъолияти Раёсат, шуъбаҳо, бахшҳо дар ҷамъомадҳо, семинарҳо ва конференсияҳо иштирок менамоянд;

- аз воҳидҳои сохтории Раёсат, шуъбаҳо, бахшҳо, аз ҷумла бо мувофиқаи роҳбарияти Раёсат аз дигар вазорату идораҳо маълумоти ҷорӣ ва дигар маълумоти заруриро барои иҷрои вазифаҳои шуъба, мувофиқи ин Низомнома талаб менамояд.

         - барои риояи меъёрҳои экологӣ ва стандартҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба корхонаю ташкилотҳои дар вилоят буда, новобаста аз шакли тобеъият ва моликияташон оиди ҷавобгу будан ба талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист назорат бурда, санҷишҳо мегузаронад ва таклифҳо пешниҳод менамояд.

Читать далее

Маълумот оиди шӯъбаи назорати истифода ва ҳифзи захираҳои об

Шўъбаи назорати истифода ва ҳифзи захираҳои об дар асоси сохтори Раёсати хифзи муҳити зисти вилояти Суғд, ки бо фармоиши Раиси Кумити ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №16 аз 16.02.2012 тасдиқ шудааст, таъсис ёфтааст. 

  Шуъба ҷузъи таркибии Раёсат буда, оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об назорати давлатиро дар вилоят  пеш мебарад.

- ваколатҳои ба зиммааш гузошташударо мустақиман ва дар ҳамкори бо шуъбаю бахшҳои шаҳру ноҳияҳо буда амалӣ месозад.

 - фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муьити зист», Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Раёсат ва низомномаи мазкур амалӣ менамояд.

Читать далее

Маълумот оиди шуъбаи назорати таҳлилӣ

Шуъбаи назорати таҳлилӣ дар асоси сохтори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, ки бо фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.08.2008 сол №189 тасдиқ шудааст (минбаъд Раёсат) таъсис ёфтааст.

Шуъба қисми таркибии Раёсат буда, сиёсати экологиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, назорати давлатии ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи табиатро дар вилояти Суғд амалӣ намуда фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Раиси Кумита, Низомномаҳои Кумита, Раёсат ва ҳамин Низомнома ба роҳ мемонад.

    Шуъба вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо дар ҳамкорӣ бо дигар шуъбаю бахшҳои Раёсат ва сохторҳои дастгоҳи марказии Кумита амалӣ  менамояд.

Читать далее

Маълумот оиди шуъбаи назорати истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера

    Шуъбаи назорати истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера дар асоси сохтори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, ки бо фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  №77 аз 30.06.2015 тасдиқ  шудааст, таъсис ёфтааст.

    Шуъба ҷузъи таркибии Раёсат буда, оид ба истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера назорати давлатиро дар вилоят пеш мебарад. Шуъба фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Раёсат ва низомномаи мазкур амалӣ менамояд.

Читать далее

Маълумот оиди шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ

Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар асоси талаботи Конститутсия ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот», «Дар бораи олами ҳайвонот», «Дар бораи моҳипарварӣ», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии қабул кардаи Президенти кишвару Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, ки бо Фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2018 № 95 тасдиқ карда шудааст, инчунин Низомнома  фаъолият мебарад.

Шуъба ҷузъи таркибии Раёсат буда, барои амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатии мухофизат, истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои олами набототу ҳайвонот ва моҳӣ, инчунин ташкили назорати давлатии риояи меъёрҳои муайян кардаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт масъулиятдор мебошад.

    Шуъба вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо мустақилона ва дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, санитарию эпидемологӣ, карантинӣ, дигар мақомотҳои ваколатдори махсуси давлатӣ оид ба муҳофизат, истифода, барқароркунии объектҳои олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ, инчунин сохторҳои зертобеъи Раёсат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят  ба иҷро мерасонад.

Читать далее

Маълумот оиди шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо

Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо дар асоси сохтори Раёсат, ки бо фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд №16 аз 16.02.2012 тасдиқ шудааст, таъсис ёфтааст. 

- шуъба ҷузъи таркибии Раёсат буда, сиёсати ягонаи экологиро оид ба истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳо назорати давлатиро дар вилоят  пеш мебарад.

- шуъба ваколатҳои ба зиммааш гузошташударо дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои Раёсат ва шӯъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо амалӣ месозад.

- шўъба фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муьити зист», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Раёсат ва низомномаи мазкур амалӣ  менамояд.

Читать далее

Вазифаҳои асосии шуъба

Вазифаҳои асосии шуъба аз татбиқи сиёсати ягонаи назорати давлатии зерин иборат мебошад:

 - риояи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», Кодекси оби  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёри оид ба масъалаҳои истифода ва ҳифзи захираҳои об аз ҷониби корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз тобеият ва шакли моликият, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон.

- истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҳифзи обҳои зеризаминӣ ва руизаминӣ аз ифлосшавӣ ва сарфшавӣ, инчунин мақсаднок истифода бурдани манбаҳои обӣ.

- риояи қоидаҳои истифодабарии системаҳои хоҷагии об ва обанборҳо, кўлҳо ва дигар маҳзани обҳое, ки ҳамчун обанборҳо истифода мешаванд.

- ҳолати минтақаҳои обгирӣ ва самаранокии кори иншоотҳои обтозакунанда ва канализатсионӣ ичунин риояи ҷиддии тартиб ва шартҳои равон кардани партовҳои обӣ.

- истифодабарии самараноки маблағҳои ҷудошуда, барои сохтмони иншоотҳои ҳифзи обӣ.

- банақшагирӣ, таҳия ва гузаронидани чорабиниҳо оиди ҳифзи захираҳои об, таъмини риояи меъёри истифодаи об ва партовҳои обӣ ва бо низом кам кардани моддаҳои ифлоскунанда ба манбаҳои обӣ.

 - татбиқи комёбиҳои илму техника ва таҷрибаи пешқадам дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо дар соҳаи истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об.

- дуруст ба роҳ мондани ҳисоби оби истифодашуда ва партовҳои обӣ аз тарафи корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳо, хоҷагиҳо, инчунин мавҷудият ва ҳолати асбобу таҷҳизотҳо барои ҳисоби истифода ва сарфи партовҳои обӣ, риояи мўҳлатҳои муқарраргардидаи аттестатсияи давлатии ин асбобу таҷҳизотҳо.

Читать далее

Вазифаҳои асосии шуъба

- омӯзиш ва таҳлили вазъи муҳити зист, пайдоиш ва ҷараёни ҳодисаҳо, ғализшавӣ ва тамоюлҳои экологӣ, ташкили пешбурди мунтазами назорати таҳлилии муҳити зист.

- бурдани назорати таҳлилӣ бо истифодаи воситаю услубҳои ченкунии инструменталӣ, ташхисҳои кимёвӣ, физики, физико-кимёвӣ аз болоӣ;

- риояи стандартҳои муқарраршуда ва меъёрҳои ҳадди ҷоизи партовҳои (обпартовҳо) моддаҳои зараррасон ба муҳити зист аз манбаъҳои доимиии ифлоскунанда ва муттаҳаррик, ҳолат ва кори самараноки иншоотҳо ва таҷҳизотҳои тозакунӣ, тартиб ва шарти ихроҷи партовҳо (обпартовҳо) ба муҳити зист.

- риояи қоидаҳои муқарраркардашуда барои истеҳсол ва истифода, нигоҳдорӣ, фуруш, ҳамлу нақли пестесидҳо,нуриҳои минералӣ ва дигар мелиорантҳои кимёвӣ.

- бурдани назорати таҳлилии давлатӣ оид ба бехатарии радиатсионии маҳал бо тартиби муқарраргардида

- бурдани назорати таҳлилии давлатӣ аз болои кори лабораторияҳои вилоят, корхонаҳо ва хоҷагиҳои вилоят новобаста аз шакли моликият, тобеият ва мансубият.

- бурдани мониторинги муҳити зист дар қаламрави вилояти Суғд.

- таҳия намудани лоиҳаҳои стандартҳо, усулҳои ташхис,ченкуниҳои инструменталӣ ва меъёрҳои ҳадди ҷоизи партовҳо (обпартовҳо) ба муҳити табиӣ.

- бурдани назорати таҳлилии давлатӣ оид ба риояи меъёрҳои тасдиқшудаи партовҳо аз манбаҳои ифлоскунандаи доимӣ ва муттаҳарик, стандартҳои тасдиқшуда, меъёрҳои ҳадди ҷоизи партовҳо ба ҳавои атмосфера ва обпартовҳо, кори самараноки иншоотҳои тозакунӣ ва таҷҳизотҳо бо роҳи хоста гирифтани намунаҳо ва ташхиси газҳои хориҷшаванда ва обпартовҳо дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва тобеият.

- бо роҳи гирифтани намунаҳо ва ташхисҳои  физико-кимёвии онҳо, муайян намудани миқдори моддаҳои зараррасон дар таркиби обҳои рӯизаминӣ, зеризаминӣ, ҳавои атмосферӣ, хок, растаниҳо ва муайян намудани таносуби консентрасияи онҳо бо меъёрҳои тасдиқ кардашуда.

-додани протоколҳои ташхисӣ дар асоси натиҷаҳои таҳлили физико-кимёвӣ, ченкуниҳои инструменталӣ оиди риоя намудани меъёрҳои тасдиқшуда барои партовҳо ба ҳавои атмосферӣ, обу хок ва  растанӣ.

- бо назардошти пешниҳоди Раёсат муайян намудани миқдор ва даври гузаронидани ташхисҳои физико-кимёвӣ дар корхонаҳои вилоят.

- ба ҳисобгирии лабораторияҳои соҳавии ихроҷи моддаҳои зараррасон ба муҳити зист дар корхонаҳо, мувофиқат кунондани нақшаю барномаҳои кори лабораторияҳои назорати соҳавӣ ва ташхиси якҷояи намунаҳои обҳо, хок ва ҳаво аз рӯи нақшаи тасдиқшуда.

-барои ҳатман иҷро кардани супориш оид ба ташкил намудани лабораторияҳои соҳавӣ дар корхонаҳо ва гузаронидани аккредитатсияи онҳо аз ҷониби мақомоти стандарти давлатӣ пешниҳодҳо ирсол менамояд.

- бо истифода аз асбоб ва таҷҳизотҳои ҳозиразамон, омӯхтан ва ҷорӣ намудани усулҳои пешқадами назорати лаборатории ихроҷи моддаҳои зараррасон аз манбаҳои ифлоскунандаи муҳити зистро амалӣ мегардонад.

- дар асоси ташхисҳои кимёвӣ додани протоколҳои ташхисӣ оид ба сифати нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳои дар хоҷагии қишлоқ истифодашаванда.

- иштирок намудан дар таҳия ва муҳокимаи меъёрҳои экологӣ ва шаклҳои ҳисоботи оморӣ ва соҳавӣ дар бахши ҳифзи муҳити зист.

- якҷоя бо иттифоқи касаба ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, чорабиниҳо оид ба такмили шаклу услубҳои ҳавасманди маънавии кормандонро тартиб дода, таҷрибаи пешқадамро меомӯзад ва дар амал ҷорӣ менамояд.

- иҷрои чорабиниҳо оиди ташкил кардани бехатарии шароити меҳнат, риояи қоидаҳои бехатарии техникӣ, истеҳсолӣ ва санитариро таъмин менамояд.

-чорабиниҳоро дар бораи мустаҳкам намудани интизоми меҳнат ва такмили ихтисоси кадрҳо дар амал ҷорӣ менамояд.

-бо риояи талаботи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаҳо ба корхонаю хоҷагиҳо, шахсони воқеъӣ оиди ташхисҳои физико-кимёвӣ ва ченкуниҳои инструменталии сифати ҳавои атмосферӣ, обҳо, намунаҳои хок, маҳсулотҳои кишоварзӣ, маводҳои ба ҳудуди ҷумҳурӣ воридшаванда ва содиршаванда, бехатарии радиатсионии маҳал, инчунин таҳияи лоиҳаҳои ҳадди ҷоизи партовҳо ба ҳавои атмосферӣ ва обпартовҳо хизмати арзишнок мерасонад.

- дар асоси ташхисҳо ва ченкуниҳои  инструменталӣ таҳия намудани маълумот оиди ҳолат ва динамикаи экологии маҳалҳо ва ҳудудҳои носолими экологӣ ва пешниҳод намудани таклифҳо ва Раёсат оиди бартараф намудани вазъи носолими экологӣ.

Читать далее

Вазифаҳои асосии шуъба

    Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» ва дигар санадҳои меъёри оид ба масъалаҳои истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера аз ҷониби корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз тобеият ва шакли моликият, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон.

- Истифодаи оқилона ва ҳифзи ҳавои атмосфера аз ифлосшавӣ ва саршавӣ, инчунин  мақсаднок истифода бурдани  ҳавои атмосфера.

- Банақшагирӣ, таҳия ва гузаронидани чорабиниҳо оиди ҳифзи ҳавои атмосфера, таъмини риояи меъёри ҳифзи ҳавои атмосфера ва партовҳои атмосфера ва бо низом кам кардани моддаҳои ифлоскунанда ба манбаҳои атмосфера.

- Татбиқи комёбиҳои илму техника ва таҷрибаи пешқадам дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо дар соҳаи истифодабарӣ ва ҳифзи ҳавои атмосфера.

- Дуруст ба роҳ мондани ҳисоби  партовҳо ба ҳавои атмосфера аз тарафи корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳо инчунин мавҷудият ва ҳолати асбобу таҷҳизотҳо барои ҳисоби истифода ва сарфи партовҳоро ба атмосфера ва сарфи риояи мўҳлатҳои муқарраргардидаи аттестатсияи давлатии ин асбобу таҷҳизотҳо.

Читать далее

Вазифаҳои асосии шуъба

-таъмини иҷрои сиёсати ягонаи давлатӣ ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ, инчунин бехатарии экологӣ дар самти фаъолияти ба шуъба вогузор карда шуда;

-назорати давлатӣ оид ба истифодаи самаранок ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот, захираҳои моҳӣ, инчунин хоҷагиҳои шикорӣ, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, хатсаройҳои туристӣ, ҷангалзорон, чарогоҳҳо, ки дар ҳудуди вилоят ҷойгир мебошанд ва риояи меъёрҳои бехатарии экологию биологӣ аз тарафи шахсони воқеию ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияту тобеият ва мансубият ба шаҳрвандӣ;

- таъмини назорати давлатии иҷрои барномаҳо, стратегия ва нақшаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғду Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ;

- омӯзиш ва таҳлили вазъи воқеии вуҷуддоштаи истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот, маълум кардани сабабу шароитҳои  мусоидаткунандаи ҳодисаҳои хавфи экологӣ дошта, ба нақшагирӣ ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба мақсадноку самаранок истифода бурдан аз олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ, инчунин таъмини меъёри муайян кардашудаи истифодабарии онҳо;

- ташкили назорат аз болои иҷрои чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонӣ ва беҳсозии вазъи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ дар миқёси вилоят;

- амалӣ гардонидани чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати табиатистифодабарандагон дар соҳаи истифодаи оқилона ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ. Барои ноил шудан ба мақсади мазкур таъмини ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори умум, дар доираи салоҳияти худ мусоидат намудан барои таҳияи маводҳои дастурию методӣ, гузаронидани машғулиятҳои амалӣ, семинарҳо ва омӯзишҳо;

-дар доираи ваколат ва салоҳияти худ иҷро намудани вазифаҳои фармоишгару иҷрокунанда;

-дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ муайян намудани самтҳои асосии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ, таъмини мувозинати экологӣ, ташкили назорат баҳри пешбинӣ намудани ҳолатҳои бадшавии олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ;

-баррасӣ намудани мактубҳо, арзу шикоят ва  пешниҳодҳои шахсони воқеъию ҳуқуқ доир ба масъалаҳои истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ дар миқёси вилояти Суғд;

- манзур намудани маълумотҳо ва пешниҳодҳо оид ба такмил додани фаъолияти хоҷагидорӣ дар самти истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ дар вилояти Суғд;

- тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва ба сардори раёсат пешниҳод намудани нақшаҳои кории моҳона, семоҳа, нимсола ва солонаи шуъба;

- дар доираи ваколат ва салоҳияти худ баррасӣ намудани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, омода ва пешниҳод намудани маълумот, ҳисоботу гузоришҳо аз натиҷаи фаъолияти шуъба оид ба истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.