Аксияи “Зан ва тозагӣ” дар вилояти Суғд

    Бо иқдоми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷроиши барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тозаву озода намудани кучаву хиёбонҳо санаи 22 сентябри соли равон дар Раёсати хифзи мухити зисти вилоят  ва зерсохторҳои он бо иштироки беш аз 35 нафар занони мақомоти ҳифзи муҳити зист аксияи “Зан ва тозагӣ” гузаронида шуд. Дар рафти аксияи мазкур кӯчаву хиёбонҳо, қади роҳҳо ва ҷуйборҳо, атрофи биноҳои маъмурӣ  аз партовҳо тоза карда шуд. Ҳамчунин дар саҳни ҳавлии биноҳои маъмурӣ гулҳои намудашон ҳархела шинонида шуд.

ЭЪЛОН

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

- Сардори Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, маоши мансаби 1458 сомонӣ (категорияи сеюм)

- Сармутахассиси Шуъбаи назорати таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, маоши мансаби 1032 сомонӣ; (категорияи панљум)

- Сармутахассиси Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, маоши мансаби 1032 сомонӣ; (категорияи панҷум)

Вохӯрӣ дар коллеҷи кишоварзии Масчоҳ

  Тибқи нақшаи корӣ бо мақсади амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ дар толори муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ» вохӯрии намояндаи Раёсат бо донишҷўён ва омӯзгорон, дар маҷмӯъ беш аз 150 нафар доир гардид. Дар рафти вохӯрӣ намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят оид ба мақсад ва зарурати қабул гардидани Барномаи мазкур ва роҳҳои амалисозии он баромад намуд. Ҳамчунин бо мақсади бархурдор шудан аз олами набототу ҳайвоноти нодири кишварамон ба иштирокчиён дар бораи Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чораҷӯиҳо тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми партофтани партовҳо ба ҷойҳои ғайрирасмӣ маълумот дода шуд.

Татбиқи қарори Раиси вилоят ҷиҳати ҳифз ва нигаҳдории захираҳои моҳӣ

Баҳри дар амал татбиқ намудани қарори Раиси вилояти Суғд, мўҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз 23 августи соли 2018, таҳти №365 «Дар бораи пешбурди масъалаҳои ҳифз, парвариши сунъӣ ва такрористеҳсолии захираҳои моҳӣ дар вилояти Суғд» аз тарафи нозирони давлатии шўъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат корбарӣ рафта истодааст.

Бо ин мақсад санаи 29 августи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи ҶСК «Моҳипарвари Гулистон» дар шаҳри Гулистон бо иштироки 30 нафар моҳидорони ин коргоҳ ва ҶСК «Моҳии Тоҷик» аз тарафи намояндагони Раёсат вохўрӣ ташкил карда шуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.