Баланд бардоштани дониши касбӣ

  Санаи 5 декабри соли 2018 мувофиқи дархости сардорони шуъбаҳои Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд семинари бозомӯзӣ баргузор гардид. Дар он тибқи барнома мавзуҳо оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва тартиби баррасии парвандаҳои маъмурӣ, пешниҳоди дурусти ҷадвали санҷиши нақшавӣ, ситонидани пардохт мувофиқи  шакли 11 «а», пешниҳоди маълумот оид ба рафти иҷрои «Барномаи давлатии экологӣ барои солҳои 2009-2019» ва «Барномаи рушдииқтисод барои солҳои 2016-2020», фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.02.2018, №16, моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсир ба муҳити зист», ҳифз ва самаранок истифодабарии захираҳои моҳиҳои обанборҳои ҳавзаи Сирдарё, «Феҳристи парвандаҳои коргузорӣ бо ҳуҷҷатҳо барои солҳои 2018-2020» баррасӣ гардид. Дар рафти семинар иштирокчиён ба саволҳои худ доир ба мавзуъҳои зикргардида ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Соати сиёсӣ “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистонам”

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бо иштироки кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят соати сиёсӣ дар мавзӯи “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистонам”доир гардид.

Аз тарафи  сармутахассиси Раёсат қайд  карда шуд, ки  дар тақвими иду ҷашнвораҳои миллии кишвари азизамон бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як  санаи  таърихӣ- Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 24 ноябр аст бо хатти заррин сабт гашт ва ҳар сол ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил карда мешавад. Дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ Парчами давлатӣ низ барои мардуми мо муқаддас ҳисобида мешавад. Ҳар яки мо ифтихор аз он дорем, ки зери парчами пурифтихори Тоҷикистони азиз кору зиндагӣ дорем ва ба он ватандӯстона эҳтиром зоҳир менамоем.

Вохўрӣ бо омўзгорону донишҷўёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Бо мақсади пешбурди фаъолият дар самти иттилоот ва маориф, дар доираи нақшаичорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва баҳри баланд бардоштани маърифат ва донишҳоиэкологии ҷавонон, санаи 20.11.2018 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо омўзгорону донишҷўён баргузор гардид. Чорабинии мазкур бахшида ба ҳафтаи кафедраи маркетинг – агробизнеси факултети бизнес ва идоракунӣ, дар доираи конфронси илмию амалӣ дар мавзўи «Роғун фардои нурбори Ватан» амалӣ карда шуд. Ҳамзамон, дар кори конфронс олимону устодони факултети геоэкологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ширкат варзида, дар бораи НБО-и «Роғун» муфассал  маълумот доданд.

Вохўрӣ бо омўзгорони ноҳияи Ашт

    Баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт санаи 8 ноябри соли равон  вохўрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо 100 нафар омўзгорони фанни экология ва хонандагон доир гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ мудири девони мушовирони шуъбаи маорифи ноҳия Ҷамолов Ш. баромад намуда, оид ба масъалаи зарурияти тарбия ва маърифати экологии ҷавонон ва умуман мақсади вохўрии мазкур изҳориақида намуд. Дар навбати худ, аз тарафи намояндаи Раёсат оид ба муаммоҳои экологии имрўза, дар бораи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, чораҷўиҳо барои ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳоивобастабабаланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон баромад пешкаши иштирокчиён гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.