Тозагии маҳал

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд эҳтиромона ба маълумоти Шумо мерасонад, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологӣ, сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои давлатӣ, таъмини иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру супориши Шумо санаи 18 апрели соли 2020 бо ҷалби васеи аҳолӣ, корхона, ташкилот ва муассисаҳо аксияи “Тозагии маҳал” ва шанбегӣ гузаронида шуд.

Тибқи дастуру супоришҳои Шумо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои сохтмонию ободонӣ, таъмири биною иншоотҳо, тоза намудани гирду атрофи идораҳо, иншоотҳои иҷтимоию кўчаю хиёбонҳо, обод намудани гулгаштҳо, боғҳои истироҳатию фароғатӣ, кашонидан ва ҷойгиронии партовҳо аз кўчаҳои ҷамоат ва тоза намудани ҳудудҳои манбаъҳои обӣ, насби шиору овезаҳо ба иҷро расонида шудаанд. Ҳамчунин дар доираи чорабиниии мазкур ба тартиб даровардани дарахтон, сафед намудани ҳусни зоҳирии бинову, иншоотҳо ва ба тартиб даровардани партовгоҳҳо ба иҷро расонида шуд.

Баргузории чорабиниҳои экологӣ дар ноҳияи Деваштич

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич дар асоси барқия бахшида ба Рӯзи дониши экологӣ ва Рӯзи умумиҷахонии замин дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 16-и ба номи А.Шарофов  ва №1-и ба номи Ӯ.Ҳусейнов чорабиниҳои экологиро бо иштироки хонандагони синфи 9 ва 10-уми муассиса доир намуд. Дар  чорабинӣ  хонандагон аз ҳаёти нозирони патрули сабз видеороликҳо намоиш дода, дар бораи ҳифзи  муҳити зист, хифзи олами олами  набототу хайвоноти нодир маълумотҳо доданд. Ҳамчунин хонандагон ба се гурӯҳ тақсим шуда, ҳар се гурӯҳ бо номи «Атмосфера», «Муҳофизатгарони табиат» ва «Мухофизатгарони хок» оидигурӯҳҳоихуд маълумот доданд. Баргузории чунин чорабиниҳо дар дигар муассисаҳои таълимӣ  баҳри баланд бардоштани  дониши экологӣ  ба нақша гирифта шудааст.

Чорабиниҳои экологӣ дар шаҳри Конибодом

Бино ба иттилои бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Конибодом бахшида ба санаҳои экологӣ - Рӯзи донишиэкологӣваРӯзи  Замин дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии№ 27чорабинии маърифатӣ бо толибилмони синфи 11 гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ корманди бахш оиди масъалаҳои мухталифи ҳифзи муҳити зист, самаранок истифодабарии об, муомилот  бо партовҳо  ва насӯзонидани он, кабудизоркунии маҳал суханронӣ карда шуд. Рафти вохӯрӣ толибилмон ба суолҳои худ посухҳои муфассал гирифтанд. Гузаронидани чунин вохӯриҳо тибқи нақша-чорабинии бахш дар дигар мактабҳо  дар назар  аст.

Вохӯрӣ дар муассисаи таълимии ҷамоати шаҳри Панҷакент

Бо мақсади фаҳмонида додани муҳимияти сатҳи дониши экологӣ, махсусан байни насли наврас бахшида ба санаи экологӣ - рӯзи маърифати экологӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 89  ҷамоати Моғиён, деҳаи Оби Борики ш.Панҷакент вохӯрӣ  ташкил ва гузаронида шуд. Зимни вохӯрӣ  кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва омӯзгорони муассиса  доир  ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, тозаву обод нигоҳ доштани маҳалли зист ва риоя намудани қоидаҳои безараргардонӣ барои пешгирии касалиҳои сироятӣ корҳои фаҳмонидадиҳи  гузарониданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.