Вохўрӣ бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии донишҳои экологӣ

Мувофиқи нақшаи пешбинигардида, бо мақсади пешбурди фаъолият дар самти иттилоот ва маориф, бахшида ба санаи 15 апрел – Рўзи умумиҷаҳонии донишҳои экологӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 ш.Хуҷанд санаи 14 апрел вохӯрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо омӯзгорони фанни экология ва биология, хонандагони мактаб ва донишҷўёни факултети геоэкологияи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ аз ҷониби омўзгори мактаб аз фанни  экология баромад намуда, оид ба иштироки хонандагони муассиса дар ҳифзи муҳити зист ва аксияњои экологии баргузор мегардида, изҳори ақида намуд. Баҳри баланд бардоштани маърифат ва донишҳои экологии ҷавонон аз тарафи намояндаи раёсат дар бораи ин санаи муҳими экологӣ, вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, истифодабарии оқилона ва ҳифзи захираҳои об, ҳифзи ҳавои атмосфера,газҳои гулхонаӣ ва таъсири он ба тағйирёбии иқлим, дар бораи муомилот бо партовҳои истеъмолӣ, парандаи соли 2020,нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ баромад пешкаши иштирокчиён гардид.

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Бӯстон

Мувофиқи нақшаи кории шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера ва шуъбаи назорати таҳлилии Раёсат бо ҳамкории шуъбачаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар шаҳри Бӯстон амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 35 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳияҳои вилоят  ирсол гардид.

Вохӯрӣ дар муассисаи таълимии ноҳияи Б.Ғафуров

Дар асоси барқияи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, бо мақсади гузаронидани корҳои ташвиқоти дар самти баланд бардоштани маърифати экологӣ дар Рӯзи умумиҷаҳонии  донишҳои экологӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33, ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров вохӯрӣ бо омӯзгорон ва толибилмон доир гардид. Намояндаи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти н.Б.Ғафуров  ва омӯзгори фанни экологияи муассиса  ба хонандагон доир ба тарбия ва донишҳои экологӣ, аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани  солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, муносибати эҳтиёткорона ба муҳити зист ва ҳифзи захираҳои табиӣ  суханронӣ намуданд.

Рӯзи дониши экологӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Истиқлол

Бо мақсади пешбурди донишҳои экологӣ, ташаккули маърифати экологии аҳолӣ, бохабар намудани ҷомеа оид ба муаммоҳо, амният ва ҳолати экологӣ, ҳамчунин тарбия  намудани ҳар фарде, ки барояш беҳдошти муҳити зист бетавофут нест - ҳадафи асосии  баргузории рузи дониши экологӣ  мебошад. Дар баробари дигар бахшҳои хифзи мухити зисти вилоят бо иқдоми бахши шаҳри Истиқлол низ бахшида ба Рузи умумичахонии дониши экологи ва Рузи Замин дар муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6 бо иштироки намояндаи шуъбаи маориф ва  сармутахассиси бахш  семинар бо хонандагон баргузор гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.