Хокпӯш намудани партовгоҳи ш.Бӯстон

    Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Иди байналмилалии Наврӯз, татбиқи нақша чорабиниҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии Раёсати хоҷагии  манзилию коммуналии шаҳри Бӯстон корҳои безараргардонӣ ва хокпӯшкунии партовгоҳ амалӣ гардид. Масоҳати умумии партовгоҳ 24,2 га ро ташкил дода, чорабинии мазкур дар асоси моддаи 53 –и  Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»  роҳандозӣ гардид.

Партовгоҳи ноҳияи Б.Ғафуров хокпӯш гардид.

    Тибқи меъёру қоидаҳои амалкунандаи экологӣ, риояи  ҳолати санитарӣ-гигиенӣ,  бо мақсади пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва ба тартиб даровардани партовгоҳҳо аз ҷониби Корхонаи давлатии коммуналии «Сафо» дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров корҳои безараргардонӣ ва хокпӯшкунии партовҳо амалӣ гардид. Масоҳати умумии партовгоҳ 1,5 га-ро ташкил дода, чорабинии мазкур дар асоси моддаи 53 –и Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» роҳандозӣ гардид.

Насби шиору овезаҳо дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналмилалии об

    Бахшида ба 22 – март  Рӯзи байналмилалииобва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, дар ҳамкории Раёсати ҳифзи муҳити  зисти вилояти Суғд боТашкилоти байналхалқии «Лоиҳаи миллии идоракунии захирахои обӣ» (giz) дар хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва  Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд  аз  ҷониби шуъбаи ҳифзи  муҳити зисти шаҳри Хуҷанд  шиорҳои  иттилоотӣ  насб карда шуданд.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар миқёси вилояти Суғд

    Ба истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз, баҳри ҷалби оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву тозагии муҳити атроф шанбеи гузашта дар миқёси вилоят  аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар аксия кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, намояндагони  корхона ва ташкилоту муассисаҳо, аҳолии ҷамоату шаҳракҳо, сокинони маҳалаҳо, муҳасилини муассисаҳои таълимӣ 46856 нафар иштирок доштанд. Дар рафти  аксия  33,2 км ҷӯйборҳо, ҳудуд 36778 м2  ва қади роҳҳо 25030 м тоза карда шуд. Ҳамчунин 2,2 км заҳбуру  каналҳо  тоза, 2148 бех дарахтон ва роҳгаштҳо 500м сафед карда шуда, ба партовгоҳҳои шаҳру ноҳияҳо ба миқдори 116,3 м3 партовҳо бароварда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.