Баррасии муроҷиати шаҳрванд дар заминҳои ҳамсарҳади ноҳияи Спитамен ва шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон

    Дар асоси муроҷиати телефонии сокинони маҳаллаи «Ҷомӣ», шаҳри Бекободи вилояти Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон ва дар асоси фармоиши сардори аРаёсат Раёсат  аз 1 апрели соли равон  аз тарафи мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат  дар ҷояш баррасӣ гардид. Дар натиҷа муайян гардид, ки аз тарафи  сокинони ноҳияи Спитамен дар асоси қарори раиси ноҳия ва сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин корҳои сохтмонӣ оғоз карда шуда, 3 бех дарахтони чинор ва акация беиҷозат бурида шудааст. Вобаста ба ҳолати мазкур санад барои андешидани чораҳои конуни тарт иб дода шуда, аз раиси маҳаллаи «Ҷоми» маълумотнома ва ибрози муроҷиаткунандагон гирифта шуда, маводҳо ба мақомоти ҳифзи ҳукуқ  пешниҳод карда мешавад. Баррасии ҳолати мазкур ба воситаи телефонии мобилӣ сабт карда шудааст.

Корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 5500 - солагии шаҳри Саразм

    Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 5500 - солагии шаҳри Саразми бостонӣ ва 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент корҳои созандагиву бунёдкорӣ босуръат ҷараён доранд. Бино ба иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мувофиқи нақшаи чорабиниҳо дар миқёси шаҳр як қатор корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад. Чӣ тавре, ки аз бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент иттилоъ дода шуд, дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар назди мамнуъгохи таърихии Саразм 600 бех дарахтони ороишию сояафкан ва  гулбуттахо ва дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент ниҳолҳои сӯзанбарг ба миқдори  2200 бех шинонида шуд.

Шанбегӣ дар ш.Хуҷанд

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4 апрели соли равон   бо иштироки хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, кормандони идораву ташкилотҳои шаҳри Хуҷанд дар шанбегии умумишаҳрӣ иштирок намуда, ҷиҳати боз ҳам зебову хуррам гардидани шаҳри бостонии Хуҷанд ҳиссагузорӣ намуданд. Ҳашарчиён дохили маҳаллаҳоро аз ҳамагуна партовҳои  истеъмолӣ тоза намуда, аз ҷониби гулпарварон гулҳои баҳорӣ дар қадди роҳҳо шинонида шуд.

Корҳои ободонӣ дар шаҳри Бӯстон

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  корҳои ободониву созандагӣ босуръат идома дорад.  Аз бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Бустон иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати  зебову хуррамгардонӣ дар кӯчаҳои протоколии шаҳри Бӯстон – хиёбони Сомониён, К.Хуҷандӣ ва Б.Ғафуров корҳои гулзоркуниву ободонӣ гузаронида шуда, дар қадди роҳҳо 2 ҳазор дарахтони ороишӣ, 10 ҳазор гули лола, 15 ҳазор гули садбаргва 10 ҳазор гули мавсимӣ шинонида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.