Чорабинии кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар ноҳияи Спитамен

  Масъалаи назорат ва кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера яке аз самтҳои асосӣ дар фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба шумор рафта, бо мақсади ҳифзи ҳавои атмосфера дар роҳҳои нақлиётгарди миқёси шаҳру ноҳияҳо мунтазам амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида мешавад. Дар асоси нақшаи кории шуъбаи назорати таҳлилии сарраёсат дар ҳамкорӣ бо шуъбаи милитсияи экологӣ васайёҳии ВКД Ҷумҳурии ТоҷикистондарвилоятиСуғд чунин амалиёт дар роҳи асосии нақлиётгарди ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен баргузор гардидааст. Дар рафти амалиёт нозирони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия низ иштирок дошта, дар маҷмўъ 25 адад нақлиётитамғааш гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шудааст. Ҳангоми гузаронидани санҷиши нақлиёт миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавоиатмосферадарнатиҷаисӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардида, се ҳолати вайрон кардани меъёри стандартҳои давлатӣ ва ихроҷи барзиёди партови моддаҳои ифлоскунанда (гази СО) ба фазои атмосфера ба қайд расидааст.

  Дар натиҷа нисбати ронандагони ин 3 адад воситаи нақлиёт протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои чораандешӣ ба шуъбаҳои БДА-и шаҳруноҳияҳо ирсол карда шудааст. Давоми ҳафта тибқи нақшаи корӣ, нозирони шуъбаҳои сарраёсат бо мақсади амалӣ намудани назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист 4 санҷиш ва амалиёти фаврӣ гузаронида, барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида 6 супоришҳои ҳатмӣ пешниҳод намуданд. Нисбати шахсоне, ки ба қонунвайронкунӣ роҳ додаанд 3 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва ҷаримабандӣ амалӣ гардидааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.