Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят тамошои дастҷамъонаи Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақоми олии қонунгузории кишвар ва мардуми ҷумҳурӣ дар толори маҷлисгоҳи Раёсат ташкил карда шуд ва он аз ҷониби кормандони Раёсат хуб пазироӣ гардид. Дар Паёми Пешвои миллат тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар бо асноду мисолҳои мушаххас мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷабардорӣ ыарор гирифтанд. Боиси зикр аст, ки дар тӯли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Имрӯз ташаббуси навбатии муҳим қабул гардид ва аз ҷониби СММ Даҳсолаи нави байналмилалии "Об барои рушди устувор" эълон гардид.

Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳар як шаҳрванди кишвар, ки нисбати тақдири миллат бетараф нест, масъулияти бузургеро мегузорад ва барои дар амал татбиқ намудани он барои таъмини зиндагии босаодати мардуми кишвар мусоидат хоҳад намуд. Ҳамчунин Раёсат тасмим гирифтааст, ки бо кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист семинари омӯзиши матни Паёмро доир  намояд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.