Ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятӣ

Дар моҳи декабри соли равон дар шаҳри Истиқлол ва ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд аксияи ниҳолшинонӣ ҳамчун қисми таҷрибавии машғулиятхо доир ба «Баланд бардоштани маълумотнокии кормандони муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ оид ба масъалаҳои бехатарии радиатсионӣ» доир гардид.  Ин тадбир аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист» якҷоя бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар ҳамшарикӣ ва дастгирии молиявии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон сурат гирифт.
 Санаи 14 декабр дар маъракаи ниҳолшинонии шаҳри Истиқлол дар кӯчаҳои ба номи С. Айнӣ , ҳудуди МТМУ №5 ва №4, беш аз 125 нафар, аз он ҷумла омӯзгорону хонандагон кормандони КВД "ХМК" ва худи сокинон фаъолона иштирок намуданд. Дар натиҷа, ҳангоми баргузории аксия 1000 бех сафедор, 100 бех санавбар ва 150 бех қайрағоч шинонида шуд.

Дар чорабинӣ раиси шаҳри Истиқлол Х. Амонзода низ иштирок дошт. Санаҳои 15-16 декабр чунин тадбир дар худуди ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров доир шуд ва дар атрофи МТМУ № 21 1000 бех сафедор ва 50 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд. Дар ҳашар беш аз 200 нафар намояндагони ҷамоат, маорифчиён, кормандони ҳифзи сиҳати омма ва сокинони махаллӣ иштирок намуданд. Маъракаи ниҳолшинониро худи раиси ҷамоати Гозиён Сатторова М. сарварӣ кард. Қайд кардан зарур аст, ки кабудизор намудани минтақаҳои аҳолинишини болозикр аз тарафи сокинон ҳангоми бурдани корҳои баҳодиҳии лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ба раванди реабилитатсияи партовгоҳҳои радиофаъол дар Осиёи Марказӣ» пешниҳод шуда буд.

Дар назар аст, ки чунин корҳо дар соли 2017 низ доир ба кабудизоркунии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома дода мешавад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.