Мурғи ҳилоли тибетӣ – паррандаи соли 2017

Мурғи ҳилоли тибетӣ паррандаи хоси муқимии баландкӯҳҳои Помири Шарқӣ буда, дар қаторкӯҳҳои Вахон, Сарикӯл ва Аличури Ҷанубӣ паҳн гардидааст. Ин парранда намояндаи калонҷуссаи тазарвҳо буда, вазни фардҳои болиғи он аз 2 то 3 кг-ро ташкил медиҳад. Муҳити хоси сукунати мурғи ҳилол минтақаҳои баландкӯҳи дорои нишебиҳои серхарсангу марғзорҳои алпӣ, ки дар баландиҳои 3600-5200 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд, ба шумор меравад. Мавҷудияти сарчашмаҳои обӣ яке аз шартҳои асосии сукунатгоҳи ин парранда маҳсуб меёбад. Ғизои мурғи ҳилол растаниҳои марғзори алпӣ ва ҳашароти хурд мебошанд. Мурғи ҳилол паррандаи сернасл буда, аз 6 то 15 тухм мегузорад. Саршумори умумии ин парранда дар Помири Шарқӣ тақрибан 400 сарро ташкил медиҳад.

Мурғи ҳилоли тибетӣ ҳамчун паррандаи нодир ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил  гардидааст. Ин паррандаи зебо ва хушандом рамзи табиати кӯҳсори Тоҷикистон аст ва ҳифзу афзун гардонидани саршумори он бояд дар маркази таваҷҷӯҳи дӯстдорони табиат ва оммаи васеи мардум қарор гирад. 

Раёсати ҳифзи муҳитизисти вилоят

Скачано с веб-сайта JooMix.org.