Ҷаласаи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд

 Бо мақсади иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.10.2021, №442 «Дар бораи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ»    ва тибқи Низомномаи бо қарори Раиси вилоят аз 10.12.2021, №558 «Дар бораи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд» тасдиқгардида, ҷаласаи навбатии Комиссия дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ва иштироки аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо - раисони чунин комиссияҳои маҳаллӣ, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо – муовин ва котибони комиссия гузаронида шуд. Рафти ҷаласа фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилоят ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №116 «Дар бораи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» дар нимсолаи якуми соли 2023 ва вазифагузорӣ барои фаъолияти минбаъда мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Бо маърӯзаи асосӣ сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ғуфронзода А.Ғ., ҳамчун муовини раиси комиссияи вилоятӣ сухан карда, дар бораи корҳои дар давоми шаш моҳ ба сомон расонида, камбудию муаммоҳои ҷойдошта ва сарфи маблағ ҷиҳати амалигардонии Барнома маълумот пешниҳод намуд.

 Ҳангоми пурсиш дар бораи фаъолият бобати татбиқи Барномаи давлатӣ намояндагони Раёсати маорифи вилоят, Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят, Раёсати ва кор бо занон ва оилаи МИҲД вилоят, васоити ахбори омма, муовинони раисони шаҳру ноҳияи Конибодом, Истаравшан, Исфара ва Ҷ.Расулов ба саволҳо ҷавобҳои худро баён намуданд. Дар охири ҷаласа ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва бо мақсади вусъат бахшидан ба фаъолияти комиссияҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби муовини Раиси вилоят як қатор вазифагузорӣ карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.