Маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибони озмуни вилоятии «Тоҷикистон – сарчашмаи оби зулол»

Бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028  ва ба ифтихори 22 март – Рӯзи умумиҷаҳонии об моҳи феврали соли равон байни мактаббачагони мактабҳои таҳсилоти  миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят озмуни вилоятӣ зери унвони «Тоҷикистон – сарчашмаи оби зулол» аз рӯи се номинатсия “Расми беҳтарин”, “Рӯзномаи девории беҳтарин” ва “Сурати беҳтарин”  эълон гардида буд.     

Ғолибони озмуни мазкур муайян гардида, дар конфронси вилоятӣ 9 нафар ғолибони озмун ва барои иштироки фаъолона 10 нафар иштирокчиён аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бустон, Конибодом, Истиқлол,  Исфара, Истаравшан, Б.Ғафуров, Деваштич, Масчоҳ, Зафаробод, Спитамен, Ашт, Ҷ.Расулов, аз тарафи ташкилотҳои байналхалқӣ ва  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо диплом, ифтихорнома, сипоснома  ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сафароз  гардонида шуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.