Ҷаласа семинари бозомӯзӣ

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, татбиқи дурусти қонунгузории соҳавӣ, иҷрои бандҳои қарори Мушовараи Кумита аз 9.01.2018  санаи 25 январи соли равон дар Маркази  бозомӯзии Раёсат дар  ш.Гулистон бо иштироки кормандони Раёсат ва зерсохторҳои он  семинари бозомӯзӣ доир гардид. Тибқи барномаи семинар аз тарафи баромадкунандагон оиди  нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон, моҳияти фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», «Кодекси одоби хизматчии давлатӣ» ва  «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор 2018-2028» баррасӣ гардид.

Ҳамчунин яке аз масъалаҳо ин риояи талаботи қонунгузорӣ ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ байни хизматчиёни давлатӣ буд, ки доир ба ин масъала сардори шӯъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои характери коррупсионӣ доштаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Қодирҷонзода Абдуҷалол баромад намуд.  Мавсуф оиди ҳадафҳои қабул шудани «Стратегияи муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020», масъалаҳои сӯиистифода аз мансаб, сабабҳои паҳн гардидани амалҳои коррупсионӣ сухан намуда, қайд кард, ки фаъолияти хизматчиёни давлатӣ бояд дар чорчӯбаи қонунгузорӣ пеш бурда шавад.

Дар рафти маҷлис кормандони Раёсат оид ба масъалаҳои гуногуни вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.