Вохурӣ дар Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бўстон

Баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистони шаҳри Бустон  вохӯрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо донишҷӯён ва устодон доир гардид.  Дар рафти чорабинӣ оид ба мақсад ва ҳадафҳои қабул гардидани Барномаи мазкур, рафти иҷрои талаботҳои он, масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар раванди рушди иқтисодии ҷумҳурӣ, эълон гардидани “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, зарурати рушди маърифати экологӣ бо мақсади ноил шудан ба рушди устувор баромад шунида шуд.   

Донишҷӯён оид ба муаммоҳои экологӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, ҳамчунин пешниҳоду дархостҳо нисбати беҳдошти муҳити зист, рушд ёфтани соҳа, баланд бардоштани маърифату дониши экологии аҳолӣ изҳори ақида намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Раёсат баргузории чунин вохӯриҳоро бо донишҷӯёни дигар донишгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ ба нақша гирифтааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.