Вохӯрӣ дар шаҳри Истиқлол

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо мақсади амалӣ намудани  нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ як қатор тадбирҳоророҳандозӣ намуда истодааст. Бо ин мақсад санаи 18 апрели соли равон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол вохӯрии намояндаиРаёсат бо мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия ва сохторҳои он, аз ҷумла соҳаи маориф, омӯзгорон, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо ва роҳбарони дигар сохторҳо доир гардид.

Пас аз сухани ифтитоҳии муовини якуми раиси шаҳр Шарифзода А.А. намояндаи Раёсат Саидов Х.М. оид ба мақсад ва зарурати қабул гардидани «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва роҳҳои амалисозии он, рафти иҷрои он аз ҷониби мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маълумоти муфассал дод. Ҳамчунин бо мақсади бархурдор шудан аз олами  набототу ҳайвоноти нодири кишварамон ва омӯхтани ҷабҳаҳои ҳаматарафаи олами нодири ватанамон ба шӯъбаи маорифи шаҳр ду ҷилд Китоби Сурхи ҶумҳурииТоҷикистон тақдим карда шуд.

Вохӯрии мазкур дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ заминаи мусоиде хоҳад гузошт.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.