Вохӯрӣ бо донишҷӯён бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист

  Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 5 июн - Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ санаи 24.05.2018 вохўрии намояндаи Раёсат бо омўзгорон ва донишҷўён доир гардид. Бо сухани ифтитоҳи муовини ректор оид ба илми Донишкада баромад намуда, бобати аҳамияти ҷомеаи имрўза ба масъалаҳои экологӣ, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои табиӣ, зарурияти тарбия ва маърифати экологии ҷавонон изҳори ақида намуд. Баъд аз он, якҷоя бо донишҷўён филми ҳуҷҷатии «Тоҷикистон – сарчашмаи оби зулол», ки ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бахшида шудааст тамошо карда шуд.

   Дар навбати худ, аз тарафи намояндаи Раёсат оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар раванди рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, масъалаҳои вобаста ба ҳифзи захираҳои об, дар бораи таърихи таҷлили санаи 5 июн, татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии ҶумҳурииТоҷикистондардавраитосоли 2020», нашри дуюми Китоби Сурхи ҶумҳурииТоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ баромад пешкаши иштирокчиён гардид. Дар рафти вохўрӣ саволу ҷавоб амалӣ гардида, ба саволҳои омўзгорон ҷавобҳои мушаххас дода шуд. Дар охири чорабинӣ ба Донишкадаи мазкур ба ғайр аз маводҳои иттилоотӣ, Китоби Сурхи ҶумҳурииТоҷикистон дар 2 ҷилд тақдим карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.