Эълон

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

1.  Сардори Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, (категорияи сеюм)

2.  Сардори Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захирахои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, (категорияи сеюм)

3.  Сармутахассиси Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд (категорияи панҷум)

4.  Мутахассиси пешбари Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд, (категорияи шашум)

5.  Мутахассиси пешбари Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт, (категорияи шашум)

6.  Мутахассиси Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, (категорияи ҳафтум)

 Талаботҳои тахассуси барои мансабҳои маъмурии категорияи сеюм;

  таҳсилоти  олии  касбӣ,  ихтисоси  ба  мансаби ишғолшаванда  мувофиқ,  ки  иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

  4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

  дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

  малакаи  хуби  муошират  бо  аҳли  ҷомеа,  аз  ҷумла маҳорати  ба  роҳ  мондани  ҳамкорїӣ ҳангоми  татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Талаботҳои тахассуси барои мансабҳои маъмурии категорияи панҷум;

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолкунанда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонанд;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират ба аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми тадбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Талаботҳои тахассуси барои мансабҳои маъмурии категорияи шашум;

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишщолкунанда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонанд;

- 1сол собиқаи меҳнатӣ.

Талаботҳои тахассуси барои мансабҳои маъмурии категорияи ҳафтум;

- таҳсилоти олӣ ёмиёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонанд;

Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;

- варақаи шахсии баҳисобгиири кадрӣ (бо 2 дона акси андозааш 4 х 6)

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайраз ҳолате, кишахссобиқаимеҳнатӣ надорад);

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 086 УЕ;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбироадонамудаанд).

Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро дар мӯҳлати 21 рӯз аз рӯзинашри эълон пешниҳод намоянд.

Оид ба гирифтании маълумотхои иловагӣ метавонед тариқи сомонаи ecosugd.tj ё ба суроғаи ш.Хучанд, хиёбони Р.Набиев №211, муроҷиат намоед. Телефонҳо: (3422) 6-03-95, 4-39-27

Скачано с веб-сайта JooMix.org.