Ҷамъбасти нимсола дар вилояти Суғд

   Санаи 6 июли соли ҷорӣ дар маркази бозомўзии Раёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввал ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид. Дар ҷаласа Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Ибодзода, мудири шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят А.Латифӣ, сардори Раёсат ва муовин, сардорони шуъбаҳои Раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, сармутахассисони Раёсат иштирок намуданд.

   Дар рафти ҷаласа ҳисоботи сардори Раёсат шунида шуд ва муҳокима гардид. Ҳамчунин, аз тарафи Раиси Кумита аз ҳар як сардорони шуъбаҳои Раёсат ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш ба амал омада, барои ислоҳи камбудиҳо ва пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дода шуд. Дар навбати худ мудири шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят суханронӣ карда, оид ба дар миқёси вилоят ҷой доштани як қатор масъалаҳои муҳими экологӣ, ки мақомоти ҳифзи муҳити зист бояд ҳарчӣ зудтар онро ҳал намояд қайд намуд. Ҳамзамон, дар интиҳо, ҳангоми ҷамъбаст намудани ҷаласа аз тарафи Раиси Кумита барои вазифаҳо то охири сол як қатор супоришҳо, аз ҷумла бобати беҳтар гардидани ҳолати экологии минтақаҳо, ҳифз ва зиёд намудани намудҳои олами ҳайвоноти нодир ва дигар масъалаҳои муҳим супоришҳо дода шуд. Дар охир қарори дахлдори ҷаласаи Раёсат қабул гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.