«Конститутсия бахтномаи миллат»

Санаи 5 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлис бо иштироки кормандон доир гардид. Нахуст муовини сардори Раёсат ба сухан баромада,  иброз намуд, ки боиси ифтихор аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо яке аз панҷ конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои аъзои ин ташкилоти мӯътабари байналмилалӣ эътироф шудааст. Маҳз сокинони Ватани соҳибистиқлоламон бо қабули Қонуни асосии кишвар барои ташаккули давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи боэътимод гузоштаанд. Дигар баромад кунандагон низ  оид ба арзиши баланди Қонуни асосии кишвар дар моҳияти сиёсиву фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, давлатию ҳуқуқӣ, таърихию анъанавӣ ва миллӣ зоҳир гардидани  он суханрони намуданд. Сокинони Ватанамон маҳз бо риояи меъёрҳои конститутсионӣ барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи худ дар самти эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ қадамҳои устувор мегузоранд. Дардавоми 24 соли қабули Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари рӯ ба сӯи тараққӣ ниҳода нишон дода, аз тарафи созмонҳои байналхалқӣ баҳои баландро сазовор шуд.  Ҳар як моддаи он танҳо бахотири беҳбудии шаҳрвандон равона шудааст. Чунончӣ, дар  моддаҳои 13 ва 44-и Конститутсия омадааст :

     «Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медихад» ва «Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст», ки ин кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зистро ба он водор менамояд, ки баҳри беҳдошт ва нигаҳдории муҳити зисти кишварамон саҳмгузор бошанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.