Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади омӯзиши матни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори маҷлисгоҳи Раёсати  ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд санаи 7 январи соли равон вохӯрии кормандони мақомот бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Гулбаҳор Назирӣ ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар доир гардид. Зимни вохӯрӣ  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ  оид ба самтҳои асосии Паёми имсола, дар бораи дастовардҳои соли сипаришуда, ки дар сафҳаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо воқеаҳои фараҳбахш  – таҷлили сазовори ҷашнҳои умумимиллӣ, ба истифода додани  иншооти бузурги аср - нерӯгохи оби барқии Роғун, мавқеи сазоворашро ишғол намуд, сухан кард. Ҳамзамон ҷиҳати  расман оғоз гардидани раванди татбиқи ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», сиёсати берунии Тоҷикистон ва ворид шудани он ба марҳалаи нави рушд, эълон гардидани солҳои 2019 –2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  қайд карда шуд.

        Ҳамчунин Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар зикр кард, ки Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳар як шаҳрванди кишвар, ки нисбати тақдири миллат бетараф нест, масъулияти бузургеро мегузорад ва моро лозим аст, ки барои расидан ба ҳадафҳои  асосӣ, ки дар Паём баён гардидаанд, аз он  ҷумла рушди ҳамаи соҳаҳо, таъмини фазои солими ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум ҳамаи имкониятҳоро истифода барем. Инчунин ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолиятро  хубтару беҳтар ба роҳ монда,  барои рушд ва сарсабзиву ободии кишварамон саҳмгузор бошем.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.