Ҷамъбасти чорабиниҳо оид ба манъи сайди моҳӣ

Бо мақсади ҳифз ва нигаҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, фароҳам овардани шароит ба рафти афзоиши табиии моҳиҳо ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмгузории моҳиҳо, аз 1 апрел то 15 июни соли ҷорӣ сайди моҳӣ дар ҳавзаи дарёи Сир, обанборҳо, дарёҳо, сойҳо ва кӯлҳои дар ҳудуди вилояти Суғд воқеъ буда аз тарафи шахсони ҳуқуқию воқеъӣ, новобаста аз шакли моликияту тартиби идоракунии онҳо  манъ гардида буд.

Аз тарафи гуруҳҳои фаврӣ дар тамоми ҳудуди обанборҳои ҳавзаи Сирдарё аз қисми болооби обанбори “Баҳри Тоҷик” то НБО -и Фарҳод, вокзалҳои автомобилгарду роҳи оҳан, бозорҳо, нуқтаҳои пухту пази маҳсулоти моҳигии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бустон, Ашт, Конибодом, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Спитамен, Исфара зери назорат гирифта шуд. Аз тарафи нозирони Раёсат ва шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо 104 адад амрнома дода шуда, 139 маротиба амалиётҳои фаврӣ гузаронида шуд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои фаврӣ 80 санадҳои азназаргузаронӣ, нисбати қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 38 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин 7 адад маводҳо тартиб дода шуда ба мақомоти прокуратура ва суд дар маҳал супорида шудааст.

Аз қӯруқшиканон 3 адад қайиқи резинӣ, 3 адад қайиқи дюралюминӣ, 3 адад либоси махсуси резинӣ, 40 адад олотҳои моҳидорӣ, 5310 метр тӯри моҳидорӣ муваққатан боздошт карда шуда, 42 адад тўрҳои моҳидории бесоҳиб нобуд карда шудааст.

    Барои иҷроиши фармоиши мазкур ба ташкилоту идораҳо, бозору нуқтаҳои савдо, нуқтаҳои пухту пази моҳӣ 104 адад амрнома оиди маъни сайди моҳӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, фуруш ва пухту пази он дар ин давра пешниҳод гардида, 19 адад эълонҳо оиди манъи сайди моҳӣ дар бозорҳо, марказҳои савдо ва нуқтаҳои пухтупаз насб карда шуд. Ҳамчунин  бо мақсади гузаронидани корҳои тарғиботӣ дар байни аҳолӣ 38 маротиба суҳбатҳо, 6 эълонҳо дар рӯзномаҳои маҳаллӣ ва вилоятӣ, инчунин 6 барномаҳо дар садо ва симои вилоятию ноҳиявӣ оиди аҳамияти афзоиши табиии моҳиҳо, роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмгузории моҳиҳо пахш карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.