Муомилот бо партовҳо дар шаҳри Хуҷанд таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

Тибқи маълумоти шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо мақсади ба низомдарории реҷаи баровардани партовҳо мавриди амал қарор дода шудааст. Ҷойгир намудани партов ба нуқтаҳои партовҷамъкунӣ мувофиқи ҷадвали корӣ аз тарафи КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”-и шаҳри Хуҷанд бо 31 адад техникаҳо дар 3 баст фаъолият мебарад.

-Басти 1-ум аз соати 5.00 то 13.00

-Басти 2-юм аз соати 8.00 то 16.00

-Басти 3-юм аз соати 17.00 то 24.00 хизматрасонц менамояд.

Ҳамарӯза аз тарафи  КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”-и шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби корхонаҳои партовкашони шаҳр мувофиқи маълумот аз шаҳр 500-600 м2партов ба партовгоҳи умимишаҳрӣ  бароварда мешавад.

 Ҳамзамон дар миқёси шаҳр ҳамагӣ 175 адад нуқтаи муваққатии партов мавҷуд буда, онҳо беш аз 900 адад бо қуттиҳои махсуси оҳанин таъмин карда шуда, дар 20 кумитаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд партовҳои ҳосилшуда бо таври бонги (сигнальный метод) бо техникаҳои махсус хизматрасонӣ карда, партовҳои ҳосилшуда ба партовгоҳи  умумишаҳрӣ бароварда мешавад.

Инчунин, дар корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, донишкадаҳо, коллеҷҳо, дармонгоҳҳо, беморхонаҳо, марказҳои савдо беш аз 1200 адад қуттиҳои махсуси оҳанин таъмин карда шудааст.

Ҷиҳати риоя накардани қонунгузориҳо дар самти партов нисбати 109 нафар шахсони воқеъӣ ва мансабдор мутобиқи моддаҳои 220, 223, 232, 238, 239 протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 64775 сомонӣ ҷарима баста шуда, аз он 41570 сомонӣ ба таври ихтиёрӣ  супорида шуд.

Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории аксияи “Тозагии маҳал” ва ҷиҳати таъмини иҷроиши барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 14.03.2018 сол таҳти №89 “Дар бораи эълон намудани 1300 рузи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва оиди иҷроиши фармоиши сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз санаи 28.01.2019 таҳти №4 дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд бо мақсади тозаю озода намудани муҳити зист, кучаю хиёбонҳо, роҳҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишин айни замон 24 маротиба шанбегиҳо ва аксияи “Тозагии маҳал” гузаронида шуда, дар он 46475 нафар шаҳрвандон, соҳибкорон, донишҷӯён ва кормандони корхонаю ташкилотҳо  иштирок намуданд. Дар натиҷа 50569 м ҷӯйбор аз партов ва алафҳои ҳархела тоза карда шуда, 1 ҳазору 689м3 партови ҳосилшуда ба партовгоҳи умумишаҳрӣ бароварда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.